Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Мавқифи мо нисбати Язид ибни Муовия

Савол

Ман дар бораи Язид ибни Муовия шунидаам. Ӯ як замоне халифаи мусулмонон буд ва ӯ як шахси масти садист буд ва дар воқеъ мусулмон набуд. Оё ин дуруст аст? Лутфан оиди достони ӯ ба ман маълумот бидиҳед.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Номаш: Язид ибни Муовия ибни Абусуфён ибни Ҳарб ибни Умайя, умавии Димишқӣ мебошад.

Заҳабӣ гуфтааст: Ӯ дар ҷанги Қустантиния амири лашкарон буд ва дар миёни лашкарони ӯ афроде ҳамчун Абуайюби Ансорӣ вуҷуд дошт. Падараш ӯро ба вилоятаҳдӣ пас аз худ интихоб карда буд ва баъд аз марги падараш, дар моҳи раҷаби соли шастуми ҳиҷрӣ, дар синни сию се солагӣ ҳукуматро ба даст гирифт. Ва муддати ҳукмронии ӯ камтар аз чаҳор сол буд.

Язид аз ҷумлаи касоне мебошад, ки мо на ӯро дашном медиҳем ва на ӯро дӯст медорем ва дар миёни халифаҳои ду давлат (яъне давлати Умавиёну Аббосиён) ва дар миёни подшоҳони гӯшаву канори дунё ҳамонанди ӯ бисёранд, балки дар миёни он халифаҳо касоне вуҷуд доштанд, ки ба маротиб аз Язид бадтар буданд. Танҳо чизе, ки масъалаи Язидро бузург ҷилва додааст, ин аст, ки ӯ пас аз чилу нӯҳ сол аз вафоти паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ин масъулиятро ба ӯҳда гирифтааст, ки ба замони паёмбар хеле наздик мебошад ва ҳатто баъзе аз саҳобагон зинда буданд, ба монанди Абдуллоҳ ибни Умар, ки ӯ аз Язид ва аз падараш ва ҳатто аз падаркалонаш ба хилофат сазовортар буд.

Язид давлати худро бо кушта шудани Ҳусайн оғоз кард ва бо воқеаи Ҳурра онро ба поён расонд. Аз ин рӯ, мардум ӯро бад диданд ва ба умраш барака дода нашуд. Якчанд нафарон баъд аз Ҳусайн бар зидди ӯ шӯриш карданд, ба монанди мардуми Мадина, ки ба хотири Аллоҳ шӯриш намуданд ва Абдуллоҳ ибни Зубайр ....

Китоби "Сияру аъломи-н-нубало" ҷилди / 4, саҳ / 38.

Шайху-л-ислом ибни Таймия мавқифи аҳли суннатро нисбати Язид ибни Муоуия баён намуда гуфтааст:

Мардум дар мавриди Язид ибни Муовия ибни Абусуфён ба се гурӯҳ тақсим шудаанд, ду гурӯҳи тундрав ва як гурӯҳи мобайн.

Яке аз он ду гурӯҳи тундрав гуфтаанд: Язид кофиру мунофиқ буд ва ӯ ба куштани набераи расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) саъю кӯшиш намуд, то аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) интиқом бигирад ва худро орому осудахотир созад, чун мехост бо ин кор интиқоми хуни падаркалонаш Утба ва бародари Утба, Шайба ва тағои худ, Валид ибни Утба ва дигарон, ки ба дасти саҳобагони паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва хусусан тавассути Алӣ ибни Абутолиб ва дигар саҳобагон дар ҷанги Бадр ва дигар ҷангҳо кушта шуда буданд, бигирад. Чизҳое аз ин қабил, ки ин гуна сухан рондан аз ҷониб рофиза хеле осон аст, онҳое ки Абубакр, Умар ва Усмонро кофир медонанд, кофир шуморидани Язид хеле осонтар аст.

Аммо гурӯҳи дуввум гумон мекунанд, ки Язид марди солеҳ ва яке аз имомони одил буд ва ӯ аз ҷумлаи саҳобагоне ба ҳисоб меравад, ки дар замони паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба дунё омад ва паёмбар ӯро бо дастони худ бардошта ӯро муборак намудааст. Шояд баъзе аз онон ӯро аз Абубакру Умар ҳам бартар бидонанд ва шояд баъзе аз онон ӯро пайғамбар ҳам бидонанд ...

Ҳар ду дидгоҳ дар назди ҳар касе ки андаке ақлу хирад дошта бошад ва аз таъриху саргузашти пешинён каме огоҳ бошад, ботилу беосос мебошад. Аз ин рӯ, наметавон ин суханонро ба ягон донишмандон ва ё хирадмандоне, ки дорои назару донишанд, нисбат дод.

Дидгоҳи саввум: Язид яке аз подшоҳони мусулмонон буд, ҳам корҳои некӯ дошт ва ҳам корҳои бад дошт ва ӯ дар замони хилофати Усмон таваллуд шуд ва ӯ кофир набуд. Бо сабаби амалкардҳои ӯ Ҳусайн ба шаҳодат расид ва бо мардуми Ҳурра ноҷавонмардона бархурд кард. Ӯ на саҳоба буд ва на аз дӯстони солеҳи Аллоҳ. Ин дидгоҳи ҷамиъи аҳли хираду дониш ва аҳли суннат ва ҷамоат мебошад.

Сипас ин се гурӯҳ ба се дидгоҳ тақсим шуданд. Гурӯҳе Язидро лаънат карданд, гурӯҳе ӯро дӯст доштанд ва гурӯҳи саввумин на ӯро дашном медиҳанд ва на ӯро дӯст медоранд. Ин дидгоҳ аз Имом Аҳмад нақл шудааст ва ёрони муқтасиди ӯ ва гурӯҳҳои бисёре аз ҷамиъи мусулмонон дар ҳамин назаранд.

Солеҳ ибни Аҳмад гуфтааст, ки ба падарам гуфтам: Гурӯҳе мегӯянд, ки онҳо Язидро дӯст медоранд. Ӯ гуфт: Эй писарам! Магар касе, ки ба Аллоҳ ва ба рӯзи қиёмат имон дошта бошад, Язидро дӯст медорад? Ман гуфтам: Эй падарҷон! Пас чаро шумо ӯро лаънат намекунед? Гуфт: Эй писарам! Кай падаратро дидаӣ, ки касеро лаънат карда бошад?

Абумуҳаммади Мақдисӣ гуфтааст: Тибқи ривояте ки ба ман расидааст, ҳангоме ки дар мавриди Язид пурсида шуд, гуфт: Набояд ӯ душном дода шавад ва набояд ӯ дӯст дошта шавад.

Ва ӯ гуфт: Ва низ ба ман расидааст, ки падарбузургам Абуабдуллоҳ ибни Таймия оиди Язид пурсида шуд. Ӯ дар ҷавоб гуфт: Оиди ӯ на бештар аз он чи буд, хоҳем гуфт ва на камтар аз он хоҳем, гуфт. Ва ин одилонатарин ва беҳтарин гуфтор дар мавриди Язиду амсоли ӯ мебошад. Поёни сухан.

"Маҷмуъу фатово"-и Шайху-л-ислом, Ҷилди 4, саҳ: 481-484.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид