Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Пас аз вузӯ хондани сураи Қадр суннат нест

154028

Таърихи нашр : 08-10-2023

Мушоҳидаҳо : 778

Савол

Яке аз дӯстон ба ман гуфт, ки хондани сураи Қадр гуноҳони чиҳил соларо каффорат мекунад, ба шарте ки дарҳол пас аз вузӯ хонда шавад. Оё ин дуруст аст? Оё барои ин сухан ягон далеле вуҷуд дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ин сухан ягон асоси шаръӣ надорад ва дар ҳадисҳои паёмбар низ ягон далеле дар ин бора ворид нашудааст.
Саховӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: "Қироат намудани сураи (Инно анзалноҳу) пас аз вузӯ, ягон асосе надорад ва ин амал суннат нест". Поёни сухан.

"Мақосиду-л-ҳасана" (саҳ 664).

Ал-Омирӣ Ғаззӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: 

"Пас аз вузӯ хондани сураи Қадр ягон асосе надорад". 

"Ал-Ҷадду-л-ҳасису фӣ баёни мо лайса биҳадис" (саҳ 234). 

Албонӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Аззаъифа" (1449) дар ин бора ҳадисеро зикр намуда, оиди он гуфтааст: Мавзуъ (бофташуда) аст.

Дар ҳадисҳои паёмбар дуоҳо ва зикрҳое собит шудаанд, ки пас аз вузӯ хонда мешаванд. Мусулмон бояд ба хондани он дуоҳову зикрҳо саъю талош намояд ва ба онҳо чизи дигареро илова накунад.

Он дуоҳову зикрҳоро дар ҷавоби саволи рақами (45730) мутолиа намоед.   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб