Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми қасам хӯрдан бо оятҳои Аллоҳ

Савол

Ман бо ин лафз қасам хӯрданро ба такрор шунидаам ва намедонам, ки ҳукмаш чӣ бошад. Он лафз чунин аст: "Ба оятҳои Аллоҳ қасам мехӯрам". Аз шумо хоҳиш мекунам, ки ҳукми бо чунин лафз қасам хӯрданро бароям тавзеҳ диҳед. Агар шахсе ҳукми бо чунин лафз қасам хӯрданро надониста, қасам бихӯрад, чӣ бояд кард?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Қасам хӯрдан танҳо ба Аллоҳ ё ба номе аз номҳо ё сифате аз сифатони Аллоҳ ҷоиз аст. Чуноне ки Бухорӣ (2679) ҳадисеро аз Абдуллоҳ ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят кардааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Агар шахсе қасам хӯрданӣ бошад, пас бояд ба Аллоҳ қасам бихӯрад ва ё хомӯш истад".

Оятҳои Аллоҳ ду намуданд:

1. Оятҳои шаръӣ. Он каломи Аллоҳ таъоло, аз ҷумла   Қуръон ва ғайри он, ки Аллоҳ ба бандагонаш ваҳй ва сухан мекунад.

2. Оятҳои кавнӣ. Ба монанди шабу руз ва осмонҳову замин, ки ба бузургӣ ва илму ҳикмати Аллоҳ далолат мекунанд.

Аз ин рӯ, пас шахсе, ки бо оятҳои Аллоҳ қасам мехӯрад, қасами ӯ аз ин ду ҳолат берун нест:

Ҳолати аввал:

Ба оятҳои Аллоҳ қасам мехӯрад ва мақсади ӯ аз ин оятҳо  каломи Аллоҳ, ба монанди Қуръони Карим аст. Қасам дар ин ҳолат ҷоиз аст, зеро Қуръон каломи Аллоҳ аст ва  каломи Аллоҳ сифате аз сифатони Ӯст.

Ҳолати дуввум:

Ба оятҳои Аллоҳ қасам мехӯрад ва мақсади ӯ аз ин оятҳо, оятҳои кавнӣ, ба монанди шабу рӯз ва офтобу моҳтоб аст. Қасам дар ин ҳолат ҷоиз нест, зеро оятҳои кавнӣ ҳама махлуқанд ва қасам хӯрдан ба махлуқот (чизҳои офаридашуда) ҷоиз нест.

Аз донишмандони кумитаи доимии фатво пурсиданд:

Ҳукми ба оятҳои Аллоҳ қасам хӯрдан чист? Масалан мегӯӣ, ки: Ба оятҳои Аллоҳ қасам мехӯрам?

Дар ҷавоб гуфтанд:

Қасам хӯрдан ба оятҳои Аллоҳ ҷоиз аст, агар мақсади қасамхӯранда қасам ба Қуръон бошад, зеро он каломи Аллоҳ аст ва каломи Аллоҳ сифате аз сифатони Ӯст. Аммо агар бо оятҳои Аллоҳ ғайри Қуъонро дар назар дошта бошад, дар ин ҳолат қасам хӯрдан ҷоиз нест.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод.

Бакр ибни Абдуллоҳ Абу Зайд – узви кумита. Солеҳ ибни Фавзон Ал-Фавзон - узви кумита. Абдулазиз ибни Абдуллоҳ оли Шайх – раиси кумита.   "Фатово-л-лаҷна-д-доима" маҷмӯаи аввал (23/48).

Шайх Абдураҳмон Ал-Баррок (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) гуфтааст:

Қасам ба калом ё калимаҳои Аллоҳ ҷоиз аст. Ва инчунин қасам ба оятҳои Аллоҳ, агар оятҳои Қуръонро дар назар дошта бошад, ҷоиз аст. Масалан инсон бигӯяд: Қасам ба оятҳои нозилшуда ё ки ба оятҳои Қуръон. Аммо оятҳои офаридашуда, ба монанди офтобу моҳтоб, қасам хӯрдан ба онҳо ҷоиз нест, зеро қасам хӯрдан ба махлуқот ҷоиз нест. Бинобар ин, касе ки (ба оятҳои Аллоҳ қасам мехӯрам) гуфта оятҳои офаридашударо дар назар дошта бошад, бадурустӣ, ки ба ғайри Аллоҳ қасам хӯрдааст. Ба ғайри Аллоҳ қасам хурдан ширк аст. Чуноне ки дар ҳадис омадааст: "Касе, ки ба ғайри Аллоҳ (ба чизи дигар) қасам бихӯрад, пас дар ҳақиқат куфр ё ширк варзидааст". Аҳмад ва Тирмизӣ ривоят кардаанд. Тирмизӣ ин ҳадисро ҳасан шуморидааст ва Ҳоким бошад, ин ҳадисро саҳеҳ донистааст. Аксари вақт шахсоне, ки ба оятҳои Аллоҳ қасам мехӯранд, оятҳои Қуръонро дар назар доранд, пас қасами ӯ ҷоиз аст. Поёни сухан бо ихтисор.

       Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб