Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми хӯрдану нӯшидан дар ҳаммом

161383

Таърихи нашр : 29-09-2022

Мушоҳидаҳо : 1629

Савол

То ҷое, ки ман медонам, хӯрдан дар ҳаммом ҳаром аст, вале ҳангоме ки ман инро ба яке аз дӯстонам гуфтам, хандид ва гуфт, ки ман хато кардаам. Кӣ ҳақ аст?
 

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҳаммомҳо барои қазои ҳоҷат сохта шудаанд, на барои хӯрдану нӯшидан. Аз ин рӯ, барои мусулмон шоиста нест, ки вориди он шавад, магар барои қазои ҳоҷат ва ҳангоме ки вориди ҳаммом мешавад, то берун шудан аз хӯрдану нӯшидан худдорӣ кунад.

Агар дар даруни ҳаммом бе ҳоҷат ва ё бе зарурат қасдан бихӯрад ва бинӯшад, пас коре кардааст, ки хилофи фитрати солим мебошад.

Аз Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) оиди ҳукми хӯрдан ва ё нӯшидан дар ҳаммом пурсиданд.
Дар ҷавоб гуфт:

"Ҳаммом танҳо барои қазои ҳоҷат аст ва набояд дар он ҷо беш аз қадри ҳоҷат бимонад. Машғул шудан ба хӯрдан ё корҳои дигар дар он ҷо боиси тӯлонӣ мондан дар он ҷо мешавад, ки шоиста нест". Поёни сухан аз китоби "Маҷмуъу-л-фатово" (11/110).

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб