Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Саҳеҳ будани ҳадиси «Ҳусайн аз ман аст ва ман аз Ҳусайнам»

Савол

Дар донишгоҳам аз назди олунаке (хонаи кӯчаке) гузар кардам, ки он дар назарам исломӣ метофт. Ман таълим гирифтаам, ки ба навиштаҷоти часпонидашуда ва китобҳо аҳамияти зиёд диҳам. Боре навиштаҷотеро дар олунаке ёфтам, ба назарам исломӣ метофт, вале дар охир фаҳмидам, ки Аҳмадӣ будааст. Ман аз назди чизе бо номи "Сақалайн" гузар кардам, аммо ман оиди ин гуна гуруҳ боре ҳам нашунидаам. Онҳо кисанд? Онҳо матни зеринро нашр намудаанд: Ҳусайн аз ман аст ва ман аз Ҳусайнам. (Ин ҳадисро якчанд имомон, ба монанди Ибни Ҳанбал ва Табаранӣ ривоят кардаанд). Оё ин ҳадис саҳеҳ аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Хадиси мазкурро Тирмизӣ (3775), Ибни Моҷа (144) ва Аҳмад (17111) аз Яъло ибни Мурра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: Ҳусайн аз ман аст ва ман аз Ҳусайнам, Аллоҳ дӯст дорад ҳар касеро, ки Ҳусайнро дӯст дошта бошад, Ҳусайн наберае аз наберагон аст.   Ин ҳадисро Тирмизӣ ва Албонӣ ҳасан донистаанд.

Ин ҳадис бар фазилати Хусайн (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) далолат мекунад. Аҳли суннат Хусайнро дӯст медоранд ва ӯро иззату эҳтиром менамоянд ва бо ӯ дӯстию муволот мекунанд ва шаҳодат медиҳанд, ки ӯ аз аҳли ҷаннат аст. Лекин онҳо дар ҳаққи ӯ ғулув намекунанд (аз ҳад намегузаранд), чи тавре, ки шиаёну рофизиён мекунанд. Онҳо (аҳли суннат) ӯро ба ҷойи Аллоҳ таъоло намехонанд ва Ҳусайнро маъсум (бегуноҳу бехато) намеҳисобанд ва намегӯянд, ки ӯ ғайбро медонад ва саҳобагони паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро бад намебинанд ва ягонтаи онҳоро кофир намешуморанд ва Абубакр, Умар, Оиша ва дигар саҳобагонро таънаву сарзаниш намекунанд.

Мо метарсем, ки гурӯҳи "Сақалайн" гурӯҳи шиа бошад. Аз ин хотир, аз ин гурӯҳ барҳазар бош ва ба роҳи аҳли суннат ва ҷамоъат пойбанд бош.

Аз Аллоҳ тавфиқу комёбӣ ва росткориро барои мо ва барои ту хоҳонем.

         Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб