Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми "Одам" ном гузоштан

193364

Таърихи нашр : 24-02-2021

Мушоҳидаҳо : 2330

Савол

Ҳукми Одам ном гузоштан чист? Оё ин (ном) мустаҳаб аст, ё на? Ман шунидаам, ки ҳар як шахс аз номи худ насибе дорад. Бинобар ин насиби ӯ аз ном чист? Оё Одам ном гузоштан монандӣ ба аҷамиён (ғайри арабҳо) аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

"Одам" ном гузоштан амри машрӯъ аст, ки ҳеҷ чиз (монеияте) дар он нест, зеро Одам (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз ҷумлаи пайғамбарон аст ва номгузорӣ бо номҳои пайғамбарон аз ҷумлаи номгузории некӯву мустаҳаб аст. Дар китоби "Кашшофу-л-қиноъ" (3/26) омадааст:

"Гузоштани номҳои пайғамбарон, ба монанди Иброҳим, Нуҳ, Муҳаммад, Солеҳ ва ғайра хуб аст". Поёни сухан бо каме тағйирот.

Ибни Қаййим (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Дар мавриди кароҳияти номгузорӣ бо номҳои пайғамбарон ба ду дидгоҳ ихтилоф шудааст: Яке аз он ду дидгоҳ ин аст, ки он макруҳ намебошад ва ин дидгоҳи аксари донишмандон ва дидгоҳи саҳеҳ аст.  Дидгоҳи дуввум ин аст, ки ин макруҳ мебошад". Поёни сухан аз китоби "Туҳфату-л-мавдуд" (саҳ 127).

Ба ҷавоби саволи рақами (7180) руҷӯъ карда шавад.

Одам ном гузоштан монандӣ ба аҷамиён (ғайри арабҳо) ҳисобида намешавад. Ин номгузорӣ дар байни мусулмонон бо гузашти асрҳову замонаҳо дар шаҳрҳову кишварҳои гуногун маъруфу машҳур аст, ки касе онро инкор накардааст. Номи бисёре аз донишмандон ва муҳаддисон (оилимони илми ҳадис) Одам буд, ба монанди Одам ибни Сулаймон, Одам ибни Абуиёс, Одам ибни Алӣ, Одам ибни Ҳакам ва ғайра.

Барои донистани дастур ва меъёри монандии мамнӯъ ба мушрикон, лутфан ба ҷавоби саволи рақами (108996) руҷӯъ кунед.

Дуввум:

Номҳо метавонанд ба чизҳои ном ниҳодашуда таъсир дошта бошанд. Бо ҳамин сабаб ва сабабҳои дигар, интихоби номҳои хуб машрӯъ карда шудааст.

Ибни Қаййим (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Азбаски номҳо дорои маъноҳо ҳастанд, мантиқист, ки бояд байни ном ва маънo алоқаи муносибе бошад ва маъно набояд комилан бегона бошад, ки бо ном иртиботе надошта бошад. Зеро ҳикмати Аллоҳи Ҳаким онро рад мекунад ва воқеият бар акси он шаҳодат медиҳад. Балки номҳо ба чизҳои ном ниҳодашуда таъсир доранд ва чизҳои ном ниҳодашуда аз номҳои худ, дар хубию зиштӣ, сабукию вазнинӣ, нармию сахтӣ таъсир мегиранд. Чуноне, ки мегӯянд:

Хеле кам чашмонат соҳиби лақабро мебинад, магар ин ки агар дар лақаби ӯ андеша намоӣ, маънои онро меёбӣ".   Поёни сухан аз китоби "Зоду-л-маъод" (2/307).

Аммо ин доимо чунин нест ва инчунин ин бар ҳар як ном ва ҳар як шахси номидашуда, қоидаи доимӣ нест. Гоҳо марди бадеро мебинӣ, ки номи ӯ яке аз беҳтарин номҳо аст ва гоҳо марди солеҳеро мебинӣ, ки номаш ба ӯ муносиб нест. Балки он нуқтаи назар ва фикри донишмандоне, ки онро зикр кардаанд: Дар аксари ҳолатҳо байни ном ва шахси номидашуда алоқае вуҷуд дорад.

Асос ва муҳим ин хислати шахси номидашуда мебошад, на номи ӯст. Гоҳо шахс аз номи худ насибе дорад ва гоҳо надорад. Аллоҳ таъоло ба номи мард, ранг, насаб, сурат, ҷоҳу мақом ва моли ӯ нигоҳ намекунад, балки ба амалу дили ӯ нигоҳ мекунад.

         Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб