Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми мансубият ба ғайри падар

1942

Таърихи нашр : 07-06-2020

Мушоҳидаҳо : 2208

Савол

Зане номи хонаводагии худро пеш аз мусулмон шуданаш ба номи хонаводагии шавҳари худ тағйир дод. Ҳоло баъди мусулмон шуданаш аз он мард ҷудо шуд. Ӯ мехоҳад, ки барои тақвияти ҳувийяти исломии худ номашро расман ба номи исломӣ тағйир диҳад. Инчунин ӯ мехоҳад, ки бори дигар номи охири худро ба номи хонаводагии худ тағйир диҳад. Аммо ӯ мехоҳад, ки пеш аз никоҳ номи модараш (яъне номи падаркалони модариаш)-ро ба ҷои номи падараш бигирад. Зеро байни онҳо (падару модараш) ихтилоф вуҷуд дорад. Ӯ мегӯяд, ки падар дар тарбияи ӯ ягон нақше надошт. Оё барояш ҷоиз аст, ки пеш аз никоҳ номи модарашро бигирад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ин зан мехоҳад, ки номашро ба номи исломӣ тағйир бидиҳад ва насаби шавҳари собиқи худро тарк кунад, комилан дуруст аст. Вале барояш аслан ҷоиз нест, ки худро ба ғайри падари шаръии худ нисбат диҳад, новобаста аз сабаб.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 ادْعُوهُمْ لِآبَائِهِمْ

الأحزاب:5

"Писархондагонро ба номи падаронашон бихонед".   (Сураи Аҳзоб:5).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

"Касе, ки худро ба ғайри падараш нисбат диҳад . . Пас бар ӯ лаънати Аллоҳ ва фариштагон ва тамоми мардум бод".   Ривояти Ибни Моҷа (2599). Дар Саҳиҳу-л-Ҷомиъ (6104) зикр шудааст.

   Аллоҳ тавфиқдиҳанда аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид