Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Баргузории ифторҳои дастаҷамъӣ барои ташвиқи мардум ба рӯзадорӣ

Савол

Дидгоҳи шумо оиди ташвиқи мардуми оддӣ ба рӯзаи нофила ва баргузории ифторҳои дастаҷамъӣ чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ман фикр мекунам, ки ин чиз ҳеҷ ишколе надорад, аммо тарк намудани он беҳтар аст, зеро саҳобагон (Аллоҳ аз онҳо хушнуд бод) чунин услубу равишро истифода намекарданд. Агар мардум бо гуфтор ба рӯзаи нафила ташвиқ карда шаванд, ин кофист ва ба ташвиқи амалӣ ниёзе нест.

Сарчашма: "Лиқоу-л-боби-л-мафтуҳ"-и Ибни Усаймин: 247