Панҷшанбе 20 Ҷумода-л-уло 1446 - 21 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Тавофи Каъба дар ҳар вақте аз шабонарӯз ҷоиз аст.

Савол

Оё мумкин аст, ки шахс дар ҳар вақте аз шабонарӯз умра кунад? Ё амалҳои умра бояд дар вақти муайяни рӯз анҷом дода шавад? Манзурам аз ин савол тамоми амалҳои воҷиби умра аст. Оё мумкин аст, ки шахс пас аз намози хуфтан тавоф кунад, агар пеш аз вақти хуфтан ба Макка бирасад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Барои тавофи Каъба вақти мушаххасе вуҷуд надорад. Шахсе, ки хоҳиши ҳаҷ ё умра ё тавофро дорад, метавонад тавофро ҳангоми расидан ба Макка, дар кадом соате аз шабонарӯз, ки бихоҳад, анҷом бидиҳад, ҳатто дар вақтҳои наҳй аз намоз, чунки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:

«Эй банӣ Абдуманоф, дар ҳеҷ лаҳзае аз шабонарӯз касеро аз тавофи ин хона ва намоз манъ накунед».   Тирмизӣ (868) ин ҳадисро ривоят кардааст. Шайх Албонӣ онро саҳеҳ донистааст. 

Аллоҳ донотар аст.

 

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб