Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Бартараф кардани мӯи рӯи зан

Савол

Ман медонам, барои зан ҷоиз нест, ки мӯеро аз абрӯяш бигирад, аммо мӯйҳои дигари рӯй чӣ гуна аст? Оё барои зан ҷоиз аст, ки мӯи болои лаб ё дигар ҷои рӯйро бартараф намояд? Ба хусус агар зан сермӯй бошад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Дар фатовои Кумитаи доимӣ (17/133) омадааст:

"Бартараф намудани мӯи абрӯ ҷоиз нест, зеро ин ҳамон намс аст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) анҷомдиҳандаи онро лаънат кардааст ва аз ҷумлаи тағйири офариниши Аллоҳ аст, ки он амали шайтон аст. Ҳатто агар шавҳараш ӯро ба ин кор амр намояд, набояд ӯро итоат бикунад, зеро ин кор нофармонӣ аст. Итоат намудани махлуқ дар нофармонии офаридгор (Аллоҳ) ҷоиз нест, балки итоат танҳо дар корҳои хуб раво аст, чуноне ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст". Поёни сухан.

Дуввум:

Бартараф намудани ҳамаи мӯйҳои бадан ҷоиз аст, ба ҷуз мӯи абрӯ.

Дар фатовои Кумитаи доимӣ (17/130) омадааст:

"Далели бартараф намудани мӯи бадани зан, амал бар асос аст. Барои зан зарур аст, ки худро барои шавҳараш зинат бидиҳад. Ягон далеле вуҷуд надорад, ки онро манъ кунад, ғайр аз далелҳои наҳй аз намс, ки он бартараф намудани мӯи абрӯҳо аст". Поёни сухан.

Ҳамчунин дар он фатово (5/197) омадааст:

"Ҳукми Ислом дар мавриди кандани мӯе, ки байни ду абрӯ мерӯяд, чист? Кумита чунин посух гуфт: Канидани он ҷоиз аст, зеро он аз абрӯҳо нест". Поёни сухан.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб