Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми бӯса кардани пардаи Каъба, Мусҳаф ва ҳаҷару-л-асвад

Савол

Ҳукми бӯса кардани пардаи Каъба, ҳаҷару-л-асвад ва Мусҳаф чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бӯса кардани тамоми маконҳои замин ба ҷуз ҳаҷару-л-асвад бидъат мебошад. Агар пайравӣ (аз паёмбар) намебуд, бӯсидани Ҳаҷару-л-асвад низ бидъат мешуд. Умар (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) мегуфт: «Ман медонам, ки ту санге ҳастӣ, ки на зараре мерасонӣ ва на манфиате медиҳӣ. Агар паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) туро намебӯсид, ман ҳам туро намебӯсидам».

Аз ин рӯ, бӯсидани пардаи Каъба, сангҳо, рукни ямонӣ ва ё Мусҳаф ҷоиз нест ва ҳамчунин даст молидан ба он ба нияти табаррук ҷоиз нест, зеро ҳадаф аз даст молидан ин танҳо ба хотири ибодат аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод)