Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё ба навзод "Сафвон" ном гузоштан ҷоиз аст?

216719

Таърихи нашр : 16-05-2021

Мушоҳидаҳо : 1520

Савол

Ман дар ин моҳ навзоди писареро интизорам, агар Аллоҳ бихоҳад. Саволи ман чунин аст: Оё дар Ислом номи "Сафвон" ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бар инсон ҳеҷ ҳараҷе нест, ки ба навзоди худ "Сафвон" ном гузорад, зеро асос дар номҳо ин аст, ки он мубоҳ ва ҷоиз мебошад.

Сафвон дар луғати араб ба маънои санги ҳамвор аст, чуноне ки онро муаллифи "Муъҷаму мақойиси-л-луға", Ибни Форис зикр кардааст ва инчунин ибни Манзур дар китоби худ "Лисону-л-араб" зикр намудааст.

Дар байни саҳобагон касоне буданд, ки номи онҳо Сафвон буд, ба монанди: Сафвон ибни Муаттал, Сафвон ибни Умайя ва Сафвон ибни Ассол (Аллоҳ аз онҳо хушнуд бод ва онҳоро хушнуд созад) ва бисёре аз саҳобагони дигари паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) "Сафвон" ном доштанд.

Барои маълумоти бештар оиди одоби номгузории писарон, лутфан ба ҷавоби саволи рақами (7180) нигаред.

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб