Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Мустаҳаб будани рӯзаи рӯзи Тосуъо (рӯзи нӯҳуми моҳи Муҳаррам) бо ҳамроҳи Ошуро (рӯзи даҳуми моҳи Муҳаррам)

Савол

Ман мехоҳам, ки Ошурои имсоларо рӯза бигирам ва баъзе аз мардумон ба ман хабар доданд, ки бо ҳамроҳии Ошуро як рӯз пеш аз он (Тосуъо)-ро низ рӯза гирифтан суннат аст. Оё паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба ин чиз роҳнамоӣ кардааст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Абдуллоҳ ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят кардааст, ҳангоме, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар рӯзи Ошуро рӯза гирифт ва ба рӯза гирифтани он амр намуд, саҳобагон гуфтанд: Эй расулуллоҳ, ин рӯзест, ки яҳудиён ва насрониён онро бузург медонанд. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Агар соли оянда биёяд, агар Аллоҳ бихоҳад, дар рӯзи нӯҳум низ рӯза мегирем. Ибни Аббос гуфт: Соли оянда наомад, магар ин ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) вафот кард.   Ривояти Муслим (1916).

Шофеӣ, асҳоби ӯ, Аҳмад, Исҳоқ ва дигарон гуфтаанд: Рӯза гирифтани рӯзи нӯҳум ва даҳум якҷоя мустаҳаб аст, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар рӯзи даҳум рӯза гирифт ва рӯзаи рӯзи нӯҳумро ният кард.

Аз ин хотир, рӯзаи Ошуро якчанд мартаба дорад, ки пасттарини он танҳо дар рӯзи Ошуро рӯза гирифтан ва баландтарини он рӯза гирифтани рӯзи нӯҳум бо ҳамроҳии он (рӯзи Ошуро) аст. Чанд қадаре, ки зиёд дар моҳи Муҳаррам рӯза гирифта шавад, ҳамон қадар беҳтару хубтар аст.

Агар бигӯӣ, ки ҳикмат аз рӯза гирифтани рӯзи нӯҳум бо ҳамроҳии даҳум чист?

Чунин ҷавоб мегӯем:

Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: Донишмандон аз асҳобамон ва дигарон оиди ҳикмати мустаҳаб будани рӯзаи Тосуъо (рӯзи нӯҳуми Муҳаррам) якчанд ваҷҳро зикр кардаанд:

(Аввал). Мақсад аз он мухолифат бо яҳудон аст, ки онҳо танҳо дар рӯзи даҳум рӯза мегирифтанд ва ин аз Ибни Аббос ривоят шудааст.

(Дуввум). Мақсад аз он пайваст намудани рӯзаи Ошуро ба рӯзаи дигар мебошад. Чуноне, ки наҳй намудааст, ки танҳо дар рӯзи ҷумъа рӯза гирифта шавад.

(Саввум). Эҳтиёт оиди рӯзаи даҳум аз тарси он ки моҳ ноқис бошад ва саҳву хатогӣ рух диҳад, пас дар ин ҳолат рӯзи нӯҳум дар адад ҳамон даҳум мебошад. Поёни сухан.

Пурқувваттарини ин ваҷҳҳо мухолифат бо аҳли китоб аст. Шайху-л-ислом Ибни Таймийя (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳадисҳои зиёде аз монандӣ бо аҳли китоб манъ кардааст, ба монанди сухани ӯ оиди рӯзаи Ошуро, ки фармудааст: "Агар то соли оянда зинда бимонам, ҳатман дар рӯзи нӯҳум низ рӯза мегирам".   Алфатово-л-кубро, ҷ 6.

Ибни Ҳаҷар (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар шарҳи ин ҳадис гуфтааст:

(Агар то соли оянда боқӣ бимонам, ҳатман дар рӯзи нӯҳум низ рӯза мегирам).

"Он тасмиме, ки барои рӯзаи рӯзи нӯҳум гирифт, эҳтимол аст маънояш чунин бошад, ки ба ин рӯз кифоягӣ накунад, балки онро ба рӯзи даҳум изофа намояд, ё аз рӯи эҳтиёт ва ё аз рӯи мухолифат бо яҳудиёну насрониён аст, ки ин саҳеҳтарин дидгоҳ мебошад ва баъзе аз ривоятҳои Муслим инро баён мекунад".   Поёни сухан аз китоби Фатҳу-л-борӣ (4/245).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб