Душанбе 24 Ҷумода-л-уло 1446 - 25 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Зан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ чӣ гуна намоз мехонад?

21803

Таърихи нашр : 18-09-2023

Мушоҳидаҳо : 1009

Савол

Саволи ман ин аст: Оё барои зан ҷоиз аст, ки дар ҷойҳое намоз бихонад, ки дар он ҷо мардони бегона (номаҳрам) вуҷуд доранд, ки (агар дар он ҷойҳо намоз бихонад), онҳо ӯро аз тарафи пешу пушташ мебинанд, масалан, ҳангоме ки ӯ дар саёҳат ё пикник (сайри чорбоғ) ё дар фурудгоҳ бошад ва битарсед, ки вақти намоз ба поён мерасад? Дар ин ҳолат чӣ гуна намоз мехонад? Аллоҳ бароятон подоши некӯ диҳад. 

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар зан ба намоз хондан дар ҷойҳои ҷамъиятие, ки мардон аз он ҷо мегузаранду, ӯро мебинанд, маҷбур шавад, тамоми баданашро пӯшида, дар вақташ намоз мехонад.

    Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид