Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Зикри номи Аллоҳ дар ҳаммом

22015

Таърихи нашр : 06-02-2021

Мушоҳидаҳо : 2094

Савол

Ҳангоме ки дар ҳаммом ҳастам, баъзан эҳсоси тарс мекунам ва номи Аллоҳро дар дили худ зикр менамоям. Ҳукми он чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Инсон набояд номи Парвардигори худро дар дохили ҳаммом зикр кунад, зеро ин макон барои он (зикр) муносиб нест. Агар Ӯро бо дили худ зикр кунад, ҳеҷ боке надорад, ба шарте ки онро бо забонаш нагӯяд. Дар акси ҳол беҳтар аст, ки номи Аллоҳро дар ин макон бо забони худ нагӯяд ва то хориҷ шудан аз онҷо, бояд интизор шавад.

Сарчашма: "Маҷмӯу фатово"-и Шайх Ибни Усаймин, Ҷ/11, Саҳ/109