Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Инсон набояд номи Парвардигори худро дар дохили ҳаммом зикр кунад, зеро ин макон барои он (зикр) муносиб нест. Агар Ӯро бо дили худ зикр кунад, ҳеҷ боке надорад, ба шарте ки онро бо забонаш нагӯяд. Дар акси ҳол беҳтар аст, ки номи Аллоҳро дар ин макон бо забони худ нагӯяд ва то хориҷ шудан аз онҷо, бояд интизор шавад.