Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Аввалан:
Тоату ибодатҳо бобест хеле васеъ ва номбар кардани ҳамаи он дар ин ҷо имкон надорад.
Саволкунандаи гиромӣ барои маълумоти муфассал метавонад ба китобҳои зерин муроҷиат намояд:
- "Ат-Тарғиб ва-т-тарҳиб"-и Имом Мунзирӣ, илова бар он "Саҳиҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб" ва "Заифу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб"-и Шайх Албонӣ барои донистани ҳадисҳои саҳеҳу заифи китоби мазкур.
- "Риёзу-с-солиҳин"-и Имом Нававӣ, хусусан "Боби Фазоил"-и он китоб.
Дуввум:
Аз ҷумлаи ибодатҳои ҳаррӯза:
Намозҳои панҷгона, вузӯ барои ин намозҳо, истеъмол намудани мисвок ҳангоми вузӯю намоз, намози ҷамоъат, суннатҳои ротиба, намози зуҳо, намози нимашаб, витр, зикрҳои субҳу шом, зикрҳои ҳаррӯза (ҳангоми ворид шудан ва берун шудан аз хона, ҳангоми ворид шудан ва берун шудан аз масҷид, ҳангоми ворид шудан ва берун шудан аз ҳоҷатхона, ҳангоми хӯрдану нӯшидан, пас аз намозҳои фарзӣ ва ғайра) ва такрор намудани азон ҳамроҳи муаззин.
Аз ҷумлаи ибодатҳои ҳарҳафтаина:
Намози ҷумъа, хондани сураи Каҳф дар шаб ё рӯзи ҷумъа, салавоти зиёд фиристодан ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар шабу рӯзи ҷумъа, рӯзаи рӯзҳои душанбеву панҷшанбе.
Аз ҷумлаи ибодатҳои ҳармоҳа:
Рӯзаи се рӯз аз ҳар моҳ. (Беҳтар аст, ки дар айёму-л-бийз, яъне дар рӯзҳои сездаҳум, чаҳордаҳум ва понздаҳуми моҳи ҳиҷрӣ анҷом дода шавад).
Аз ҷумлаи ибодатҳои ҳарсола ва мавсимӣ:
Рӯзаи моҳи Рамазон, намози таровеҳ бо ҷамоъат дар масҷид, намозҳои идайн (иди Фитру Қурбон), ҳаҷ барои ҳар касе, ки тавоноӣ дорад, закот барои касе, ки шартҳои воҷибияти он дар ӯ фароҳам шуда бошад, эътикофи даҳаи охири Рамазон, рӯзаи шаш рӯзи Шаввол, рӯзаи Ошуро, илова бар он рӯзаи як рӯз қабл ё як рӯз пас аз он, рӯзаи рӯзи Арафа ва бисёр анҷом додани амалҳо солеҳ дар даҳаи аввали Зу-л-ҳиҷҷа.
Боз амалҳои солеҳе ҳастанд, ки ба вақт вобаста нестанд ва ҳар вақт анҷом додан мумкин аст. Баъзеи он амалҳо вобаста ба қалб буда, баъзеи дигар вобаста ба бадан мебошанд, аз ҷумла:
Намозҳои нофила дар вақтҳои ғайримакрӯҳ, рӯзаҳои нофила, умра, зикри Аллоҳ, тиловати Қуръон, салавот бар паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод), дуо, истиғфор, накӯӣ ба падару модар, робитаи хешовандӣ, садақа, ривоҷ додани салом байни мусулмонон, ахлоқи писандида, покзабонӣ, муҳаббати Аллоҳ, тарсу умед аз Аллоҳ, таваккал бар Аллоҳ, розигӣ, яқин ва талаби ёрӣ аз Аллоҳ таъоло.
Ҳамчунин амалҳое вуҷуд доранд, ки ба сабабе вобастаанд, ки ҳар гоҳ сабаби он ба вуҷуд ояд, он машрӯъ мегардад, аз ҷумла:
Аёдати бемор, иштирок дар намози ҷаноза, ҳамдардӣ баён кардан, посух ба атсазананда, ҷавоб гардонидан ба салом, пазируфтани даъват, намози истихора, намози тавба, намози кусуф, намози истисқо, барқарории сулҳу оштӣ миёни ду хусуматкунанда, фурӯхобонидани чашм, нигаҳ доштани азият, сабр бар азиятҳову балоҳо ва ғайра.
Гузаштагондӯст медоштанд, ки дар як рӯз чаҳор ибодатро ҷамъ намоянд, ки он ибодатҳо ибодатҳои зерин мебошад: Рӯза, хӯрок додан ба мискин (садақа), иштирок дар намози ҷаноза ва аёдати бемор. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) оиди он фармудааст: «Ин амалҳо дар марде бо ҳам ҷамъ намешавад, магар ин ки вориди биҳишт мешавад». Ривояти Муслим (1028).
Аллоҳ донотар аст.