Панҷшанбе 27 Ҷумода-л-уло 1446 - 28 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Фиребу ҳила бар шурути иқомат дар кишварҳои ғарбӣ

Савол

Кори сиёҳ (кори ғайри қонунӣ) дар Олмон, яъне кор кардан бе иҷозати ҳукумати Олмон чӣ ҳукм дорад? Сабаб дар он аст, ки касе дар кори сиёҳ (кори ғайри қонунӣ) кор мекунад, аз соҳиби кор маош мегирад ва инчунин аз ҳукумат маоши паноҳандагӣ дарёфт мекунад.

Матни ҷавоб

Кишварҳое ки мусулмон бо иҷозаи мардумаш ба он ворид мешавад, бояд ба қонунҳои он, модоме ки мухолифи шариат набошад, пойбанд бошад. Барои ӯ ҳалол нест, ки бар шурути иқомат ё шурути дарёфти кӯмак фиребу ҳила кунад, зеро ин муқтазои аҳду паймон аст.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَأَوْفُواْ بِالْعَهْدِ إِنَّ الْعَهْدَ كَانَ مَسْؤُولاً   الإسراء/34 .

«Ва ба аҳд (-и хеш) вафо кунед, бегумон аз аҳд пурсида хоҳад шуд».   (Сураи Исро: 34).

Агар қонунҳои он кишвар барои дарёфти маоши пароҳандагӣ кор накарданро шарт гузошта бошад, дар ин ҳолат, мухолифат намудани он ва ё фиребу ҳила дар ин амр ҷоиз нест.

Модоме ки ин кишварҳо ба паноҳандагон некӣ мекунанд ва ба онон маош медиҳанд, барои онон фиреб намудани давлат, мухолифат варзидан ба шурути иқомат ва амну осоиштагии он кишвар ва гирифтани моле аз молҳои онон, ки паноҳанда ё муқим мустаҳаққи он нест, ҷоиз намебошад.

Илова бар ин, ин чиз агар ҳалол ҳам бошад, барои мусулмон ва муруввати ӯ лоиқ намебошад. Барояш кофист, ки аз номусулмон (кофир) бахшишу ато ва кӯмакро қабул мекунад. Оё барояш лоиқ аст, ки ҳила намояд, то бо роҳи фиребу найранг ва мухолифат намудани шарти онон  кӯмакеро дарёфт бикунад?!

Оё ҷавонмардии мусулмон, покнафсӣ ва покдомониаш чунин аст?!

   Аллоҳ таъоло донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб