Шанбе 22 Ҷумода-л-уло 1446 - 23 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми номгузорӣ бо номҳои мураккабе, ки аз якчанд номҳо иборатанд

256964

Таърихи нашр : 21-01-2021

Мушоҳидаҳо : 1816

Савол

Ман саволе дорам, ки ба тағйир додани ном алоқаманд аст. Ман якчанд ҳадисҳоеро медонам, ки оиди фазилатҳои баъзе номҳо, ба монанди Абдуллоҳ ва ғайра суханронӣ мекунанд. Оё барои инсон ҷоиз аст, ки худро Муҳаммад Абдурраҳмон Муқаддас Бароъ Шӯъба Бибар оли Ҳафс Занкӣ ибни Инъому-л-Ҳақ ва ғайра ном гузорад? Оё дар дарозии ном ягон маҳдудияте вуҷуд дорад? Аллоҳ бароятон подоши нек бидиҳад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Номгузорӣ бо номи Абдуллоҳ ва Абдурраҳмон мустаҳаб аст. Зеро Муслим (2132) аз Ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят кардааст, ки гуфт: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Маҳбубтарин номҳо дар назди Аллоҳ таъоло Абдуллоҳ ва Абдурраҳмон аст».

Барои дарёфти фоида ба ҷавоби саволи рақами (44825) ва (7180) нигаред.

Аммо дар мавриди номгузорӣ бо номи Муҳаммад, ҳадисе ворид шудааст: "Беҳтарини номҳо онест, ки аз номи Муҳаммад таркиб ёфта бошад ва бандагиро барои Аллоҳ ифода кунад". Ин ҳадис асосе надорад.

Аҷлунӣ дар китоби "Кашфу-л-хафо" (1/468) гуфтааст: "Беҳтарини номҳо онест, ки аз номи Муҳаммад таркиб ёфта бошад ва бандагиро барои Аллоҳ ифода кунад". Наҷм гуфтааст: Ин ҳадис маъруф нест, яъне асос надорад. Ба маънои он, ҳадиси "Ҳар гоҳ ном гузоред ... " дар боло зикр шуд. Сухани Наҷм ба охир расид. Ман мегӯям, ки он ҳадис дар тартиби ҳарфи ҳамза бо лафзи зерин зикр шудааст: "Маҳбубтарини номҳо дар назди Аллоҳ онест, ки бандагиро барои Аллоҳ ифода кунад ва аз номи Муҳаммад таркиб ёфта бошад". Суютӣ гуфтааст: Ман ин ҳадисро наёфтам. Поёни сухан. 

Дар китоби "Мақосиду-л-ҳасана", саҳ: 87 омадааст:

Аммо он ривояте, ки вирди забонҳост: "Беҳтарини номҳо онест, ки аз номи Муҳаммад таркиб ёфта бошад ва бандагиро барои Аллоҳ ифода кунад". Ман онро намедонам. Поёни сухан.

Албонӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: "Маҳбубтарини номҳо дар назди Аллоҳ онест, ки бандагиро барои Аллоҳ ифода кунад ва аз номи Муҳаммад таркиб ёфта бошад". Ин ҳадис асосе надорад, чигунае, ки Суютӣ ва дигарон баён кардаанд. Поёни иқтибос аз китоби "Ас-силсилату-з-заифа" (1/595), рақами ҳадис 411.

Ба ҷавоби саволи рақами (72249) нигаред.

Дуввум:

Бо номҳои мураккаб номгузорӣ кардан аз одати араб набуд, балки ин одат аз аҷам ба онҳо омадааст. Ин гуна номгузориҳо дар байни онҳо машҳур аст.

Аз Шайх Ибни Ҷибрин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) пурсиданд: Оё номҳои мураккабе, ки бо Муҳаммад оғоз шудаанд, мустаҳаб аст?

Ҷавоби Шайх Абдуллоҳ ибни Абдураҳмони Ҷибрин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод): Ин гуна номҳо номҳои нав буда, дар замони пеш машҳур набуд. Асос ин аст, ки бояд номҳо муфрад (як калима) ва ё музоф (изофашуда), монанди Абдуллоҳ, Абдурраҳмон, Зайнулобидин ва ба мононди он бошад. Аммо номҳое, ки бо Муҳаммад оғоз шудаанд,  ба монанди Муҳаммадамин, Муҳаммадсаид, то онҷо ки медонем, асосе надоранд, балки ин гуна номҳо дар мутааххирин, бо мақсади табаррук бо номи Муҳаммад ва амсоли он, пайдо шудаанд.

Сарчашма:

http://ibn-jebreen.com/ftawa.php?vie...99&parent=3107

Ниг: "Тасмияту-л-мавлуд"-и шайх Бакр Абузайд, саҳ: 26.

Аз ин рӯ, касе ки дар кишварҳои араб бошад, бояд мувофиқи одати онҳо номгузорӣ намуда, маҳбубтарин ва беҳтарин номҳо дар назди Аллоҳ, Абдуллоҳ, Абдурраҳмон ва номҳои паёмбарону солеҳон ва монанди он номҳои неку муносиберо интихоб намояд.

Аммо касе, ки дар давлатҳои аҷам (ғайри араб) бошад ва гузоштани номҳои мураккаб одати онҳо бошад ва баъди таркиб ёфтани ду ном, маънои фосиде эҷод нашавад, балки маънои возеҳу равшан дошта бошад ва сабаби омехта шудани насабу қабилаҳои мардум нагардад, дар чунин ҳолат, ҳеҷ боке надорад, ки инсон худ ё фарзандонашро бо ин номҳои мураккаб номгузорӣ намояд.

Аз рӯи шариат барои гузоштани номҳои дарозу кӯтоҳ ягон монеияте вуҷуд надорад. Мақсад аз он бе шакку шубҳа шинохтани шахси муайян ва насабу падарони ӯ мебошад.

Аз ин рӯ, ҳар вақте ки ин мақсад ҳосил шавад ва дар маънои он ягон монеияи шаръӣ дида нашавад, он ном ҷоиз аст, гарчанде ки он ном мураккаб ва ё дароз бошад ҳам, номгузорӣ бо он ҳаром ва макруҳ намебошад.

         Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб