Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё байни намози таровеҳ ва намози шаб (қиём) фарқе вуҷуд дорад?

Савол

Ман мехостам фарқи намози шаб (қиём) ва намози таровеҳро бидонам.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Намози таровеҳ аз ҷумлаи намози шаб (қиёму-л-лайл) ба ҳисоб меравад. Ҳамонтавре ки бисёре аз мардум фикр мекунанд, намози таровеҳ ва намози шаб (қиёму-л-лайл) ду намози гуногун нестанд. Намози шаб (қиёму-л-лайл) дар моҳи Рамазон таровеҳ номида мешавад, чунки гузаштагон (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) ҳар гоҳ ин намозро мехонданд, пас аз ҳар ду ракъат ё чаҳор ракъат истироҳат мекарданд, чунки барои дароз намудани намози шаб (қиёму-л-лайл) саъю кӯшиш мекарданд, то мавсими аҷри бузургро ғанимат бигиранд ва подошеро, ки дар ҳадиси зерин омадааст, ба даст оваранд: «Касе, ки Рамазонро аз рӯи имон ва талаби савоб шабзиндадорӣ кунад, гуноҳони пешинаи ӯ бахшида мешавад».   Ривояти Бухорӣ (рақами ҳадис: 36).

Аллоҳ таъоло донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид