Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ӯ ба чоҳ афтода, мурд, оё шаҳид ҳисобида мешавад?

3095

Таърихи нашр : 20-02-2023

Мушоҳидаҳо : 1658

Савол

Модарам тақрибан бист сол пеш вафот кард. Ӯ ба чоҳе афтод, ки обаш комилан пур нашуда буд. Ӯ зани солиҳае буд. Оё ӯ аз ҷумлаи шаҳидон ба ҳисоб меравад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бале, ғарқшуда аз ҷумлаи шаҳидон аст, зеро аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) собит шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Шаҳидон панҷ тоифаанд: Касе ки бар асари вабо бимирад, касе ки бар асари дарди шикам бимирад, касе ки дар об ғарқ шавад, касе ки бар асари харобу вайрон шудани чизе фавт шавад ва касе ки дар роҳи Аллоҳ шаҳид гардад».   Ривояти Молик дар "Муваттаъ", Бухорӣ, Муслим ва Тирмизӣ.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод.

Сарчашма: "Фатово-л-лаҷнату-д-доима" 12/24