Душанбе 24 Ҷумода-л-уло 1446 - 25 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Натиҷагирии зебои як зани насронӣ

Савол

Ман як зани насронӣ ҳастам, ки ба Ислом таваҷҷӯҳи зиёд дорам. Ман тарҷумаи Қуръонро ба забони худ мехонам. Ман медонам, ки ламс кардани мусҳаф (китоби Қуръон) барои зани ҳайзшуда ҷоиз нест, аммо ин ба тарҷума дахл надорад, зеро тарҷума бо матни аслии арабӣ баробар нест. Тарҷума сухани Аллоҳ нест. Оё манъ будани ламс кардани мусҳаф тарҷумаро низ дар бар мегирад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Шумо ҳақиқатро пурра дарк кардед (яъне ин нуктаро комилан дуруст фаҳмидед). Натиҷагирии шумо дуруст аст, чун тарҷума ҳукми мусҳафро надорад, балки мисли тафсир аст. Аз ин рӯ, ламс кардани он барои зани ҳайзшуда ҷоиз аст. Таҳлили дақиқи шумо ба ин масъала ба ақли зебо ва қудрати мумтоз дар андешаварзӣ далолат мекунад. Ин ба мо эҳсос медиҳад, ки мусулмон шудани шумо наздик аст. Аллоҳ шуморо барои ҳар хайре муваффақ намояд.
Пайнавишт: Ин савол 13 октябри соли 1998 нашр шуда буд. Сипас 2 феврали соли 1999 паёми зерин ба мо расид:

Assalamu Alaikum, I sent you questions 3100 and 3313 a while a go and I would just like to tell you that I embraced Islam recently, alhamdulillah! I just wanted to share this with you and thank you for responding to my questions. May Allah reward you. Sincerely, …..

(Ассалому алайкум, ман чанде пеш ба шумо саволҳои 3100 ва 3313-ро фиристода будам ва танҳо гуфтаниам ки ман ба наздикӣ Исломро қабул кардам, алҳамду лиллоҳ. Ман мехостам инро бо шумо мубодила кунам ва ташаккур барои посух додан ба саволҳои ман. Аллоҳ бароятон подоши некӯ диҳад. Бо эҳтиром, …… ).

Мо ин хоҳари гиромиро барои ин неъмати бузург табрик мекунем. Ҳамду ситоиш дар аввалу дар охир аз они Аллоҳ аст, ки фазлу неъмат ва ситоиши некӯ аз они Ӯст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид