Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми касе, ки бо вуҷуди тавоноӣ закоти фитрро пардохт намекунад

Савол

Ҳукми касе, ки дар пардохти закоти фитр имконияту тавоноӣ дорад, вале онро пардохт накунад, чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Касе, ки закоти фитрро пардохт накардааст, бояд ба сӯи Аллоҳ таъоло тавба кунад ва аз Ӯ омӯрзиш биталабад, зеро ӯ ба хотири напардохтани закоти фитр гуноҳкор шудааст. Ӯ бояд онро ба мустаҳиққон бидиҳад ва пардохти он пас аз намози ид садақае аз садақаҳо ба ҳисоб меравад.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.

Сарчашма: Аллаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто