Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Пардохти закот аз номи коргарон

Савол

Мо корхона ва ферма дорем, ки дар онҷо коргароне вуҷуд доранд, ки музди меҳнат мегиранд. Оё мо метавонем закоти фитрро аз номи онҳо (ба ҷои онҳо) бипардозем, ё онҳо худашон бояд аз номи худ пардохт кунанд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Коргароне, ки бар ивази корашон дар корхона ва ферма музди меҳнат мегиранд, онҳо худашон закоти фитрро аз номи худ пардохт мекунанд, зеро асос ин аст, ки закоти фитр бар худи онҳо воҷиб аст. (Бинобар ин, бар шумо лозим нест, ки закоти фитрро аз номи онҳо пардохт намоед).

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.

Сарчашма: Аллаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто (9/372).