Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Иҷозати волидайн (падару модар) барои ҳаҷҷи нофила ва фариза

Савол

Оё ӯ метавонад бе иҷозати волидайни худ ҳаҷ кунад ва ҳаҷҷи ӯ дуруст ҳисобида мешавад ва оё ӯ метавонад бе иҷозати онҳо ба талаби илм барояд ва оё онҳо (падару модар) барои манъ намудани ӯ (аз ҳаҷ ва талаби илм) гунаҳкор мешаванд?

Матни ҷавоб

Волидайн метавонанд ӯро аз ҳаҷҷи нофила манъ кунанд ва онҳо бо ин амалашон гунаҳкор намешаванд. Аммо онҳо хақ надоранд, ки ӯро аз ҳаҷҷи фариза манъ кунанд ва барои манъ намудани ӯ гунаҳкор мешаванд. Агар бе иҷозати онҳо (падару модар) ҳаҷ кунад, ҳаҷҷи ӯ комилан дуруст аст, гарчанде ки ӯ дар анҷоми ҳаҷҷи нофила нофармон бошад ҳам. Ӯ ҳақ дорад, ки бе иҷозати онҳо ба талаби илм сафар бикунад.

Сарчашма: Аз китоби фатовои Имом Нававӣ, саҳ 94