Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Маҳалли ният қалб аст. Аз ин рӯ, инсон ба он нияте, ки дар қалб дорад, иктифо меварзад ва ниятро бо забон талаффуз намекунад. Ӯ бояд дар ҳангоми забҳ "Бисмиллоҳи валлоҳу акбар" бигӯяд, зеро дар "Саҳиҳ"-и Бухорӣ ва "Саҳиҳ"-и Муслим аз Анас (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст, ки мегӯяд: «Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ду қӯчқореро қурбонӣ намуд, он ду (қӯчқор)-ро бо дасти худ забҳ кард ва "Бисмиллоҳи валлоҳу акбар" гуфт». Ривояти Бухорӣ 7/130, рақами ҳадис (5554), Муслим 3/1556, рақами ҳадис (1966) ва Аҳмад 3/115.
Ҳеҷ монеияте нест, ки бигӯед: "Эй Аллоҳ! Ин қурбонӣ аз номи падарам аст". Ва ин талаффуз намудани ният намебошад.
Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.