Панҷшанбе 25 Ҷумода-л-охира 1446 - 26 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Талаффуз кардани ният дар ҳангоми забҳи қурбонӣ

Савол

Оё талаффуз кардани ният ҷоиз аст, масалан агар бихоҳам, ки барои падари фавтидаам қурбонӣ забҳ намоям, мегӯям: "Эй Аллоҳ! Ин қурбонии падарам фалонӣ аст". Ва ё бидуни талаффуз намудани ният ин корро анҷом бидиҳам ва ин кофист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Маҳалли ният қалб аст. Аз ин рӯ, инсон ба он нияте, ки дар қалб дорад, иктифо меварзад ва ниятро бо забон талаффуз намекунад. Ӯ бояд дар ҳангоми забҳ "Бисмиллоҳи валлоҳу акбар" бигӯяд, зеро дар "Саҳиҳ"-и Бухорӣ ва "Саҳиҳ"-и Муслим аз Анас (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст, ки мегӯяд: «Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ду қӯчқореро қурбонӣ намуд, он ду (қӯчқор)-ро бо дасти худ забҳ кард ва "Бисмиллоҳи валлоҳу акбар" гуфт».   Ривояти Бухорӣ 7/130, рақами ҳадис (5554), Муслим 3/1556, рақами ҳадис (1966) ва Аҳмад 3/115.

Ҳеҷ монеияте нест, ки бигӯед: "Эй Аллоҳ! Ин қурбонӣ аз номи падарам аст". Ва ин талаффуз намудани ният намебошад.

     Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.

Сарчашма: Аллаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто