Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Тасма бастан дар ҳоли эҳром ҳеҷ боке надорад

Савол

Оё тасма бастан ҷоиз аст, то дар он пул ва ҳуҷҷатҳоеро, ки ба он ниёз дорам, гузорам, дар ҳоле ки он тасма дӯхташуда аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Шайх Ибни Усаймин гуфтааст:

Тасма бастан дар болои эзор ҳеҷ боке ва ишколе надорад.

Аммо оиди сухани саволдиҳанда, ки гуфтааст: "Он (тасма) дӯхташуда аст".

Ин сухан бар асоси фаҳмиши нодурусти баъзе аз мардуми авом садо додааст, ки онҳо гумон мекунанд, ки мурод аз он ҳар чизе ки дар он дӯхтание бошад. Чунин нест, балки мақсади донишмандон аз пӯшидани дӯхташуда ҳар либосест, ки бар шакли узви бадан сохта шуда бошад ва ба тарзи одатӣ пӯшида шавад, ба монанди курта, шалвор (эзор, шим), зерпӯш ва мисли он. Мақсади донишмандон ҳар чизе нест, ки дар он дӯхтание бошад. Аз ин рӯ, агар инсон бо ридо ва ё эзори мураққаъ (эҳроми аз порчаҳои матоъҳои гуногун бо ҳам дӯхташуда) ба эҳром дарояд, ҳеҷ ишколе бар ӯ нест, гарчанде ки (порчаҳои гуногун) бо ҳам дӯхта шуда бошад. Поёни сухан.

Сарчашма: "Фатово аркони-л-ислом" (саҳ 525).