Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Айёми ташриқ, рӯзҳои ёздаҳум, дувоздаҳум ва сенздаҳуми моҳи Зулҳиҷҷа мебошад.
Дар фазилати он оятҳову ҳадисҳое ворид шудааст, аз ҷумла:
1- Аллоҳ таъоло фармудааст:
وَاذْكُرُواْ اللّهَ فِي أَيَّامٍ مَّعْدُودَاتٍ
البقره: ۲۰۳
Аллоҳро дар рӯзҳои муайян ёд кунед. (Сураи Бақара: 203).
Рӯзҳои муайян, айёми ташриқ аст. Ибни Умар (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ҳамин чунин гуфтааст. Аксарияти донишмандон ин дидгоҳро интихоб намудаанд.
2- Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) оиди айёми ташриқ гуфтааст: "Айёми ташриқ рӯзҳои хӯрдану нӯшидан ва зикри Аллоҳ аст".
Зикри Аллоҳ таъоло, ки дар айёми ташриқ ба он амр шудаем, якчанд намуд аст:
Аз ҷумла: Зикри Аллоҳ таъоло пас аз намозҳои фариза бо такбир. Ин дар назди аксарияти донишмандон то охири айёми ташриқ машрӯъ аст.
Аз ҷумла: Зикри Аллоҳ бо тасмия (бисмиллоҳ) ва такбир (Аллоҳу акбар) гуфтан ҳангоми забҳи қурбонӣ, зеро вақти забҳи ҳадй ва қурбонӣ то охири айёми ташриқ давом мекунад.
Аз ҷумла: Зикри Аллоҳ таъоло ҳангоми хӯрдану нӯшидан, зеро дар ҳангоми хӯрдану нӯшидан машрӯъ аст, ки дар аввал "Бисмиллоҳ" бигӯяд ва дар охир ба Аллоҳ ҳамду сано (яъне, алҳамду лиллоҳ) бигӯяд. Дар ҳадис омадааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Ҳамоно Аллоҳ таъоло аз банда розӣ мешавад, ки чун луқмае бихӯрад ва Ӯро бар он сано бигӯяд ва чун нӯшокие бинӯшад ва Ӯро бар он сано бигӯяд". Ривояти Муслим (2734).
Аз ҷумла: Зикри Аллоҳ бо такбир дар ҳангоми санг партофтан ба ҷамарот дар айёми ташриқ, ки ин махсуси ҳоҷиён мебошад.
Аз ҷумла, зикри Аллоҳ таъоло мутлақан, зеро дар айёми ташриқ бисёр зикр кардан мустаҳаб аст. Умар (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) дар хаймаи худ дар Мино такбир мегуфт ва мардум онро мешунавиданду, такбир мегуфтанд, Мино аз садои такбир ба ларза медаромад.
Аллоҳ таъоло фармудааст:
فَإِذَا قَضَيْتُم مَّنَاسِكَكُمْ فَاذْكُرُواْ اللّهَ كَذِكْرِكُمْ آبَاءكُمْ أَوْ أَشَدَّ ذِكْرًا فَمِنَ النَّاسِ مَن يَقُولُ رَبَّنَا آتِنَا فِي الدُّنْيَا وَمَا لَهُ فِي الآخِرَةِ مِنْ خَلاَقٍ وِمِنْهُم مَّن يَقُولُ رَبَّنَا آتِنَا فِي الدُّنْيَا حَسَنَةً وَفِي الآخِرَةِ حَسَنَةً وَقِنَا عَذَابَ النَّارِ
البقره: ۲۰۰ - ۲۰۱
Пас, чун маносики (ҳаҷҷи) худро ба ҷой овардед, ҳамон гуна, ки падаронатонро ёд мекардед, балки бештар аз он, Аллоҳро ёд кунед. Бархе аз мардум мегӯянд: Парвардигоро, ба мо дар дунё ато кун. Барои ӯ дар охират насибе нест. Ва бархе аз онон мегӯянд: Парвардигоро, ба мо дар дунё некӣ ато кун ва дар охират (низ) некӣ ато кун ва моро аз азоби оташ нигаҳ дор. (Сураи Бақара: 200-201).
Бисёре аз гузаштагон зиёд хондани дуоро дар айёми ташриқ мустаҳаб донистаанд.
Дар ҳадиси паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) омадааст: "Айёми ташриқ рӯзҳои хӯрдану нӯшидан ва зикри Аллоҳ аст". Ин ишораест, ки бо хӯрдану нӯшидан дар рӯзҳои ид бар зикри Аллоҳ таъоло ва тоати Ӯ ёрӣ ҷуста мешавад ва ин худ аз камоли шукри неъмат аст, ки бо он бар анҷом додани тоатҳо ёрӣ ҷуста мешавад.
Аллоҳ таъоло дар китоби худ ба хӯрдани чизҳои покиза ва шукри он амр намудааст. Пас касе, ки неъматҳои Аллоҳро дар роҳи маъсиятҳои Ӯ истифода барад, ба неъмати Аллоҳ куфр варзидааст ва онро бо куфр иваз кардааст, ки бо сабаби ин кораш неъматҳо аз байн мераванд. Чуноне ки мегӯянд:
Агар дар неъмате ҳастӣ, пас онро нигаҳ дор, зеро гуноҳон неъматҳоро аз байн мебаранд ва бар неъматҳо шукри Худоро бар давом анҷом бидеҳ, ки шукри Худо мусибатҳоро аз байн мебарад.
3- Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз рӯза доштани он рӯзҳо манъ кардааст: "Дар ин рӯзҳо рӯза нагиред. Зеро ин рӯзҳо (айёми ташриқ) рӯзҳои хӯрдану нӯшидан ва зикри Аллоҳ аст". Ривояти Аҳмад (10286). Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Ассилсилату-с-саҳиҳа" (3573) саҳеҳ донистааст.
Ниг: "Латоифу-л-маъориф"-и Ибни Раҷаб, саҳ: 500.
Эй Аллоҳ, моро ба анҷом додани амалҳои солеҳ муваффақ намо ва моро дар ҳангоми марг устувор бигардон ва моро ба раҳмати худ раҳм намо, эй касе, ки лутфу эҳсонат фаровон аст. Ҳамду сипос барои Аллоҳ, ки Парвардигори ҷаҳониён аст.