Панҷшанбе 27 Ҷумода-л-уло 1446 - 28 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Истифодаи дорупошаки астма (нафастангӣ) рӯзаро намешиканад

Савол

Оё истифода намудани дорупошак ба даҳон дар рӯзи Рамазон барои касе ки гирифтори бемории нафастангӣ аст, рӯзаро фосид мекунад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Истифодаи дорупошаки астма (нафастангӣ) дар рӯзи Рамазон рӯзаро фосид намекунад.

"Дорупошаки астма (нафастангӣ) рӯзаро намешиканад, зеро он гази фишурда мебошад, ки ба шуш меравад ва ғизо нест. Бемор доимо дар Рамазон ва дар ғайри Рамазон ба он ниёз дорад. Фатово-д-даъва, Ибни Боз шумораи 979".   Ниг: Китобчаи "Ҳафтод масъала оиди рӯза".

Шайх Ибни Усаймин гуфтааст:

Гази дорупошак бухор мешавад ва ба меъда намерасад. Дар ин ҳангом мегӯем: Ҳеҷ боке надорад, ки дар ҳоли рӯзадорӣ дорупошакро истифода барӣ. Бо сабаби он рӯзаатро намехӯрӣ. Поёни сухан.

"Фатово аркони-л-ислом" саҳ: 475.

Донишмандони кумитаи доимии фатво гуфтаанд:

Доруи астма (нафастангӣ), ки бемор онро дар сурати нафаскашӣ истифода мебарад, аз тариқи найчаи шуш ба шуш мерасад, на ба меъда. Аз ин рӯ, он хӯрданӣ ва нӯшиданӣ ва монанди он ду намебошад . . . Ба назар мерасад, ки истифодаи ин дору рӯзаро намешиканад. Поёни сухан.

"Фатово исломия" (1/130).

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб