Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Ин савол ду масъаларо дар бар мегирад:
Аввал: Ҳукми нигоҳ кардан ба занон.
Дуввум: Оё нигоҳ кардан ба занон рӯзаро фосид мекунад ё каффоратро воҷиб мегардонад?
Аммо ҳукми нигоҳ кардан ба занон ҳаром аст, зеро, Аллоҳ таъоло мардони мӯъминро амр кардааст, ки чашмҳои худро фурӯ гиранд.
Аллоҳ таъоло фармудааст:
قُل لِّلْمُؤْمِنِينَ يَغُضُّوا مِنْ أَبْصَارِهِمْ وَيَحْفَظُوا فُرُوجَهُمْ
سورة النور : ٣٠
«Ба мардони мӯъмин бигӯ, то чашмҳои худро (аз назар кардан ба номаҳрамон) фурӯ гиранд ва шармгоҳи худро ҳифз кунанд». (Сураи Нур: 31).
Ҳамчунин расули Ӯ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба ин чиз амр намудааст.
Аз Ҷарир ривоят аст, ки мегӯяд: Аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи нигоҳи ногаҳонӣ пурсидам. Фармуд: «Чашматро ба дигар тараф гардон». Абудовуд ин ҳадисро (никоҳ / 1836) ривоят кардааст. Албонӣ онро дар китоби "Саҳиҳу Абидовуд" дар зери шумораи (1880) саҳеҳ донистааст.
Аз ин рӯ, ба фармони Аллоҳ ва расули Ӯ итоат кардан воҷиб аст.
Аллоҳ таъоло мефармояд:
فَلْيَحْذَرِ الَّذِينَ يُخَالِفُونَ عَنْ أَمْرِهِ أَنْ تُصِيبَهُمْ فِتْنَةٌ أَوْ يُصِيبَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ
سورة النور: ٦٣
«Онон, ки аз фармони ӯ (паёмбар) сарпечӣ мекунанд, бояд аз ин битарсанд, ки балое бар сарашон биёяд ва ё азоби дардноке ба онон бирасад». (Сураи Нур: 63).
Лутфан ба саволи (21784) ва (20229) нигаред.
Аммо масъалаи дуввум: Таъсири нигоҳ кардан ба занони бегона бар рӯза. Аз Кумитаи доимӣ оиди ин савол пурсидам. Кумита чунин посух дод:
"Рӯзаро фосид намекунад, вале бояд чашми худро (аз назар кардан ба номаҳрамон) фурӯ гирад".
"Фатово-л-лаҷнати-д-доимати ли-л-ифто" 10/274.
Пас мусулмон, бахусус рӯзадор бояд чашмонашро аз занони номаҳрам боздорад, то рӯзааш бо чизҳои ҳаром олуда нагардад. Ҳар кас ба ин мушкилӣ дучор шавад, пас бояд ба сӯи Аллоҳ таъоло тавба кунад.