Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё зан бояд аввал рӯзаи қазои Рамазонро ба ҷой биёварад, ё рӯзаи шаш рӯзи Шавволро?

Савол

Дар мавриди рӯзаи шаш рӯзи Шаввол пас аз иди Фитр, оё зан бояд аввал рӯзаи рӯзҳои қазои Рамазонро, ки бо сабаби ҳайз нагирифтааст, ба ҷой биёварад ва сипас рӯзаи шаш рӯзи Шавволро анҷом бидиҳад, ё чи гуна?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Дар ҳадиси паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) омадааст: "Касе, ки Рамазонро рӯза гирад ва онро бо шаш рӯз аз Шаввол идома диҳад, (яъне шаш рӯзи дигар дар моҳи Шаввол рӯза гирад) монанди рӯзаи даҳр аст (гуё, ки як сол рӯза гирифтааст)".   Ривояти Муслим, рақами ҳадис: 1984.

Агар зан бихоҳад, ки ин аҷрро ба даст биёварад, бояд аввал рӯзаи рӯзҳои Рамазонро комил кунад, сипас рӯзаи шаш рӯзи Шавволро адо намояд, то бар ӯ ин ҳадис мутобиқ гардад ва аҷри дар ҳадис омадаро ноил шавад.

Аммо аз ҷиҳати ҷоиз будан, барои зан ҷоиз аст, ки қазои рӯзаи рӯзҳои Рамазонро ба таъхир бияндозад ва метавонад онро пеш аз омадани Рамазони оянда анҷом бидиҳад.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид