Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Пас аз издивоҷ ба ному насаби шавҳар гузаштан

4362

Таърихи нашр : 03-07-2020

Мушоҳидаҳо : 1926

Савол

Саҳифаи шуморо нигоҳ мекардам ва саволи рақами 2537-ро хондам, ки оиди ҳукми тағйир додани насаби зан сухан мекунад. Гуфтед, ки он ҳаром аст. Мехоҳам, ки агар битавонед, бар ин ҳукм далелҳоеро аз Қуръону ҳадис зикр намоед. Ташаккур.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ба назар мерасад, ки мақсади саволдиҳанда аз тағйир додани насаби зан, пас аз издивоҷ нисбат додани ӯ ба шавҳараш мебошад. Ин амал дар шариъат мамнӯъ ва ҳаром аст. Зеро барои ҳеҷ кас ҷоиз нест, ки худро ба ғайри падари худ нисбат диҳад, хоҳ мард бошад ё хоҳ зан.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 ادْعُوهُمْ لِآبَائِهِمْ هُوَ أَقْسَطُ عِنْدَ اللَّهِ    (الأحزاب:5).

"Писархондагонро ба номи падаронашон бихонед, ки дар назди Аллоҳ мувофиқи инсоф аст".   (Сураи Аҳзоб:5).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

"Касе, ки худро ба ғайри падараш нисбат диҳад, Аллоҳ ӯро лаънат кунад".   Ривояти имом Аҳмад ва дигарон.

   Аллоҳ таъоло донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид