Якшанбе 15 Шаввол 1441 - 7 Июн 2020
Тоҷикӣ

Ҳадафи асосии эътикоф ва чаро мусулмонон ин суннатро тарк кардаанд?

Савол

Чаро бо вуҷуди ин ки эътикоф суннати паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аст, мусулмонон онро тарк кардаанд? Ҳадаф аз эътикоф чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Эътикоф яке аз суннатҳои муаккадаест, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) онро бардавом анҷом медод.

Далелҳои машрӯияти эътикофро аз ҷавоби саволи рақами (48999) бубинед.

Ин суннат аз зиндагии мусулмонон нопадид шудаааст, ба ҷуз аз касоне, ки дар раҳмати Аллоҳ қарор гирифтаанд. Ҳоли ин суннат ба монанди бисёре аз суннатҳои дигарест, ки пурра ё тақрибан аз байн рафтаанд.

Он сабабҳои гуногун дорад, аз ҷумла:

1- Заифии имон дар дохили бисёре аз мусулмонон.

2- Рӯйоварии зиёд ба сӯи лаззатҳо ва шаҳватҳои дунё, ки боис шудааст, ки шахс наметавонад ҳатто барои муддати кӯтоҳ аз он дӯрӣ намояд.

3- Беарзиш шудани биҳишт дар дилҳои гурӯҳе аз мардум ва майли онҳо ба роҳату осоиштагӣ. Аз ин хотир, сахтии эътикофро таҳаммул кардан намехоҳанд, гарчанде ки дар роҳи ризогии Аллоҳ таъоло бошад.

Касе, ки бузургии қадри биҳишт ва неъматҳои онро бидонад, дар роҳи расидан ба биҳишт ҷону молашро сарф хоҳад кард. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Огоҳ бошед, ки матои Аллоҳ гаронбаҳо аст. Огоҳ бошед, ки матои Аллоҳ биҳишт аст".   Ривояти Тирмизӣ. Албонӣ ин ҳадисро (2450) саҳеҳ шуморидааст.

4- Маҳдуд шудани муҳаббати паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар бисёре аз қалбҳо бар муҳаббати лафзӣ, на амалӣ, ки он татбиқ намудани суннатҳои гуногун, аз ҷумла эътикоф аст. Аллоҳ таъоло фармудааст:

 لَقَدْ كَانَ لَكُمْ فِي رَسُولِ اللَّهِ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ لِمَنْ كَانَ يَرْجُو اللَّهَ وَالْيَوْمَ الآخِرَ وَذَكَرَ اللَّهَ كَثِيراً    الأحزاب/21.

"Дар ҳақиқат барои шумо расулуллоҳ намунаи нек мебошад, барои касе, ки ба Аллоҳ ва рӯзи охират умед дорад ва Аллоҳро бисёр зикр мекунад".   (Сураи Аҳзоб: 21).

Ибни Касир (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) (3/756) гуфтааст: Ин ояти карима асли бузургест дар пайравӣ намудан ба расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар гуфтору кирдор ва аҳволи ӯ. Поёни сухан.

Бархе аз гузаштагон ба ҳоли мардум тааҷҷуб мекарданд, ки бо вуҷуди ин ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) эътикофро бардавом анҷом медод, онҳо  бошанд, онро тарк мекунанд.

Ибни Шиҳоби Зӯҳрӣ мегӯяд: Ба ҳоли мусулмонон тааҷҷуб мекунам, ки эътикофро тарк кардаанд, ҳол он ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз рӯзи ба Мадина даромадан, то таслими рӯҳи хеш ба Аллоҳ эътикофро тарк накардааст.

Дуввум: Эътикофе, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) онро дар охири ҳаёти худ бардавом анҷом медод, эътикофи даҳаи охири Рамазон буд. Ин рӯзҳои башумор ҳақиқатан нақши тарбиявии бузурге дорад, ки натиҷаҳои мусбатро хеле зуд дар рӯзҳову шабҳои эътикоф нишон медиҳад. Инчунин дар рӯзҳои пас аз он ва то Рамазони дигар таъсири эҷобии худро ҳифз мекунад.

Аз ин хотир, имрӯз мо мусалмонон ба зинда намудани ин суннат ва барпо намудани он ба шакли дурусте, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва асҳоби ӯ анҷом медоданд, ниёз дорем.

Пирӯзу муваффақ касест, ки дар ҳоли ғафлату фасоди мардум, ин суннатро анҷом медиҳад.

Саввум:

Ҳадафи асосии эътикофи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҷустуҷӯи шаби қадр мебошад.

Муслим (1165) аз Абусаиди Худрӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар даҳаи аввали Рамазон ба эътикоф нишаст, сипас дар даҳаи мобайн дар хаймаи туркӣ (яъне хаймаи хурд) ба эътикоф нишаст, ки дари он аз бурё буд. Сипас бурёро бо дастони худ ба паҳлӯи хайма яксӯ намуда, сипас сари худро бароварда, бо мардум сӯҳбат кард. Мардум ба ӯ наздик шуданд ва ӯ фармуд: Ман дар даҳаи аввал ба хотири ҷустуҷӯи шаби қадр ба эътикоф нишастам. Сипас дар даҳаи мобайн ба эътикоф нишастам, чун ба даҳаи саввум расидам, ба ман гуфта шуд, ки шаби қадр дар даҳаи охир аст. Касе аз шумо дӯст дорад, ки ба эътикоф нишинад, пас ба эътикоф бинишинад. Мардум ҳамроҳи ӯ ба эътикоф нишастанд.

Фоидаҳои ин ҳадис:

1- Ҳадафи асосӣ аз эътикофи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҷустуҷӯи шаби қадр ва омодагӣ барои барпо доштани он ва шабзиндадории он бо ибодат буд. Ва он ба хотири фазли бузург доштани ин шаб аст. Аллоҳ таъоло фармудааст:

 لَيْلَةُ الْقَدْرِ خَيْرٌ مِنْ أَلْفِ شَهْرٍ   القدر / 3.  

 "Шаби қадр беҳтар аз ҳазор моҳ аст".   (Сураи Қадр: 3).

2- Кӯшишу талоши паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) барои дарёфти шаби қадр, пеш аз донистани вақти он. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар даҳаи аввал эътикофро оғоз намуда, дар даҳаи мобайн ҳам ба эътикоф нишаст, сипас чун донист, ки шаби қадр дар даҳаи охир аст, эътикофро давом дод. Ин талоши воқеӣ барои ба даст овардани ибодати шаби қадр аст.

3- Пайравии саҳобагон (Аллоҳ аз онон хушнуд бод) ба расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) чунки онҳо эътикофро ҳамроҳи ӯ оғоз карданд ва бо ҳамроҳи ӯ то охири моҳ ба эътикоф нишастанд. Ин нишонаи сахт пайравии намудани онҳо ба паёмбари (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аст.

4- Раҳму шафқати паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нисбати саҳобагон. Зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба хотири он, ки аз машаққати эътикоф огоҳӣ дошт, ба онҳо ҳаққи ихтиёр дод, ки агар хоҳанд, бо ҳамроҳи ӯ эътикофро идома диҳанд, агар нахоҳанд аз эътикоф бароянд. Ба онон фармуд: "Касе аз шумо дӯст дорад, ки ба эътикоф нишинад, пас ба эътикоф бинишинад".

Эътикоф мақосиди дигаре низ дорад, аз ҷумла:

1- Аз мардум канорагирӣ кардан ба қадри имкон, барои пайдо кардани унс бо Аллоҳ таъоло.

2- Ислоҳи дил бо рӯй овардан ба Аллоҳ таъоло бо пуррагӣ.

3- Пурра ба ибодати соф фориғ шудан, мисли намоз, дуо, зикр ва қироати Қуръон.

4- Ҳифзи рӯза аз тамоми чизҳое, ки ба он таъсир мерасонад, ба монанди хоҳишоти нафс ва шаҳватҳо.

5- Кам кардани мубоҳҳои дунявӣ ва зуҳд аз бисёр мубоҳҳо бо вуҷуди тавоноӣ.

Ба китоби "Ал-Эътикоф назратун тарбавия"-и доктор Абдулатиф Болту нигаред.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб

Фиристодани мулоҳизаҳо