Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми эътикоф ва далелҳои машрӯъияти он

Савол

Ҳукми эътикоф чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Эътикоф бо китобу суннат ва иҷмоъ машрӯъ аст.

Далел аз китоб (Қуръон), ин сухани Аллоҳ таъоло аст, ки фармудааст:

 وَعَهِدْنَا إِلَى إِبْرَاهِيمَ وَإِسْمَاعِيلَ أَنْ طَهِّرَا بَيْتِيَ لِلطَّائِفِينَ وَالْعَاكِفِينَ وَالرُّكَّعِ السُّجُودِ    البقرة/125

"Ва Мо ба Иброҳим ва Исмоил ваҳй кардем, ки хонаи Маро барои тавофкунандагону муътакифон ва рукуъу саҷдакунандагон (намозгузорон) покиза кунед".   (Сураи Бақара: 125).

Инчунин Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَلا تُبَاشِرُوهُنَّ وَأَنْتُمْ عَاكِفُونَ فِي الْمَسَاجِدِ   البقرة/187 .

"Ва дар ҳоле, ки дар масҷидҳо ба эътикоф нишаста бошед, бо ҳамсаронатон ҳамбистар нашавед".   (Сураи Бақара: 187). 

Далел аз суннат, ҳадисҳои зиёде бар машрӯъияти эътикоф ворид шудааст, аз ҷумла ҳадиси Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод), ки гуфтааст: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) то охири умри худ, дар даҳаи охири Рамазон ба эътикоф менишаст. Сипас ҳамсаронаш пас аз ӯ ба эътикоф нишастанд.   Ривояти Бухорӣ (2026) ва Муслим (1172).

Аммо далел аз иҷмоъ бошад, бисёре аз донишмандон, аз ҷумла Нававӣ, Ибни Қудома, шайхулислом Ибни Таймийя ва дигарон иҷмоъро бар машрӯъияти эътикоф нақл кардаанд.

Ба китоби "Ал-Маҷмуъ" (6/404), "Ал-Муғнӣ" (4/456) ва "Шарҳу-л-умда" (2/711) нигар.

Шайх Ибни Боз дар китоби "Маҷмӯу-л-фатово" (15/437) гуфтааст:

"Ҳеҷ шакке нест, ки эътикоф дар масҷид аз ҷумлаи омилҳои наздикӣ ба Аллоҳ аст ва дар Рамазон аз дигар моҳҳо беҳтар аст... Ва ин ибодат дар Рамазон ва ғайр Рамазон машрӯъ аст". Поёни сухан бо ихтисор.

Дуввум: Ҳукми эътикоф.

Асл дар эътикоф ин аст, ки он суннат аст ва воҷиб нест, магар он ки назр бошад, пас дар ин ҳолат воҷиб мегардад.

Зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Касе ки назр намояд, то Аллоҳро фармонбардорӣ кунад, пас Аллоҳро фармонбардорӣ кунад ва касе ки назр намояд, то Аллоҳро нофармонӣ кунад, пас Аллоҳро нофармонӣ накунад".    Ривояти Бухорӣ (6696).

Умар (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: Эй расулуллоҳ, ман дар ҷоҳилият назр карда будам, ки шабе дар масҷиду-л-ҳаром ба эътикоф биншинам. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ба назрат вафо намо".   (6697).

Ибни Мунзир дар китоби худ "Ал-Иҷмоъ" (саҳ 53) гуфтааст:

"Иҷмоъ намудаанд, ки эътикоф суннат аст ва бар мардум фарз нест, магар дар ҳоле ки шахс онро бар худ бо назр воҷиб созад, ки дар ин ҳолат бар ӯ воҷиб мегардад". Поёни сухан.

Ба китоби "Фиқҳу-л-эътикоф"-и доктор Холид Ал-Мушайқеҳ (саҳ 31) нигар.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб