Панҷшанбе 6 Ҷумода-л-уло 1446 - 7 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми гӯш кардани Қуръон пеш аз хоб аз дастгоҳи забти савт (магнитофон) ё дигар таҷҳизот чист?

50010

Таърихи нашр : 10-07-2020

Мушоҳидаҳо : 2573

Савол

Ҳукми гӯш кардани Қуръон ҳангоми хоб аз дастгоҳи забти савт (магнитофон) ё дигар таҷҳизот чист, то ки поёни рӯзи мусулмон бо зикри Аллоҳ бошад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҳеҷ ҳараҷе нест, ки мусулмон пеш аз хоби худ ба Қуръон ё маърӯза ё ба дигар чизи мубоҳ гӯш андозад. Балки дар суннати саҳеҳ омадааст, ки дуоҳо ва қироъати оятҳову сураҳои Қуръон, аз ҷумлаи азкори пеш аз хоб ба ҳисоб меравад.

Бухорӣ гуфт:

Боби паноҳ бурдан ва қироъат ҳангоми хоб.

Аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки фармуд: "Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳангоме ки ба ҷойгаҳи худ медаромад, дар кафҳояш медамид ва муъаввизот (сураи Ихлос, сураи Фалақ, сураи Нос)-ро мехонд, сипас ба баданаш кафҳояшро мемолид.   Ривояти Бухорӣ (5960).

Аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки гуфт: "Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нигаҳбонии закоти рамазонро ба ман супурд. Шахсе омад ва ба дуздидани таом (гандум) оғоз кард. Ман ӯро дастгир намуда, гуфтам: Туро ба назди расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) хоҳам бурд. Абуҳурайра ҳадисро нақл кард.

Ӯ гуфт: Ҳангоме ки ба ҷойгаҳи худ даромадӣ, ояталкурсиро бихон, аз ҷониби Аллоҳ таъоло бароят муҳофиз ва нигаҳбоне гузошта мешавад ва то субҳ шайтон ба ту наздик намешавад.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Ба ту рост гуфтааст, вале ӯ бисёр дурӯғгӯй аст. Ӯ шайтон аст".   Ривояти Бухорӣ (3101).

Гӯш кардани Қуръон пеш аз хоб ва баъди он дар моҳи рамазон ва дигар моҳҳо ба дилҳо оромиш ва ба синаҳо кушоиш мебахшад.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

  أَلا بِذِكْرِ اللَّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ

  الرعد/28

"Огоҳ бошед, ки дилҳо ба ёди Аллоҳ оромиш меёбад".   (Сураи Раъд: 28). 

Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

Баъзе аз мардумон бароям мегӯянд, ки фақат бо гӯш кардани Қуръон мехобад. Агар ин тавр бошад, ҳар гоҳ ӯ дароз кашида, интизори хоб бошад ва ягон коре надошта бошад, ҳеҷ боке надорад. Ба он гӯш меандозад, ҳеҷ боке надорад. Касе, ки бо сабаби гӯш кардани сухани Аллоҳ, бар он чи, ки инсон мехоҳад, яъне чизҳои мубоҳ, ёрӣ бипурсад, ҳеҷ боке надорад, дар он ягон монеияте нест.   "Лиқоту-л-бобу-л-мафтуҳ" (146/ Саволи рақами 9).

Шайх Абдуллоҳ ибни Манеъ (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) фармуд:

Ман дар ин маврид ягон мушкиле намебинам. Хобиданӣ ҳастӣ ва Қуръонро гӯш менамоӣ, бароят ҳеҷ сарзанише нест. Дастури гӯш кардани Қуръон, вақте ки тиловат карда мешавад, тавҷеҳ ба шунавандаи оқил мебошад.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَإِذَا قُرِئَ الْقُرْآنُ فَاسْتَمِعُوا لَهُ وَأَنْصِتُوا لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُونَ

  الأعراف/204

"Ва ҳар гоҳ Қуръон хонда шавад, ба он гӯш андозед ва хомӯш бошед, шояд раҳм карда шавед".   (Сураи Аъроф: 204). 

Маҷмӯу фатово ва буҳус-и шайх Абдуллоҳ Ал-Манеъ" (1/266).

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб