Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Пазируфтани фармудаи Аллоҳ оиди ҳиҷоб ва ҳушдорӣ аз мухолифат намудани он

69804

Таърихи нашр : 14-03-2021

Мушоҳидаҳо : 3164

Савол

Мо оиди ҳиҷоб – пӯшонидани рӯй ва мӯи зан – дониш дорем, вале баъзе аз дугонаҳои мусулмонам мӯи сари худро намепӯшонанд ва ҳамчунин баҳсу ҷидол доранд, ки агар мӯи сари худро банданд, гуноҳи он аз сар додани мӯй камтар аст ва инчунин мегӯянд, ки гуноҳи сар додани мӯи дароз аз сар додани мӯи кӯтоҳ бузургтар мебошад. Оё ин дуруст аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар Аллоҳ таъоло ва паёмбараш (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба чизе амр карда бошанд, пас дар ин ҳолат бар мусулмон воҷиб аст, ки бигӯяд: Шунидаму итоат кардам. Ва ба иҷро кардани он амру фармон бишитобад, зеро имон ба Аллоҳ таъоло ҳаминро талаб мекунад.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَمَا كَانَ لِمُؤْمِنٍ وَلَا مُؤْمِنَةٍ إِذَا قَضَى اللَّهُ وَرَسُولُهُ أَمْرًا أَنْ يَكُونَ لَهُمُ الْخِيَرَةُ مِنْ أَمْرِهِمْ وَمَنْ يَعْصِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَقَدْ ضَلَّ ضَلَالًا مُبِينًا   الأحزاب/36

«Барои ҳеҷ марди мӯъмину зани мӯъмина шоиста нест, ки чун Аллоҳ ва паёмбараш дар коре ҳукме карданд, онҳоро дар он корашон ихтиёре бошад. Ҳар ки Аллоҳ ва паёмбарашро нофармонӣ кунад, ба таҳқиқ дар гумроҳии ошкоре гирифтор шудааст».   (Сураи Аҳзоб: 36).

Шайх Абдураҳмони Саъдӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) (дар тафсири ин оят) гуфтааст:

«Барои ҳеҷ марди мӯъмину зани мӯъмина шоиста нест». Яъне барои ягон инсони боимон, ҷуз шитобидан ба розигии Аллоҳу расулаш, гурехтан аз ғазаби онон, итоати амру фармони онон ва дурӣ намудан аз чизҳои манъкардаи онон лоиқу сазовор нест. Барои марди мӯъмину зани мӯъмина лоиқ нест, ки «чун Аллоҳ ва паёмбараш дар коре» аз корҳо «ҳукме карданд» ва онро бар ӯ ҳатмӣ ва воҷиб гардонанд, «онҳоро дар он корашон ихтиёре бошад». Яъне: Интихоб, ки оё он фармонро иҷро мекунанд, ё на? Балки марди мӯъмину зани мӯъмина медонанд, ки паёмбар ҳатто аз нафси ӯ авлотар аст. Аз ин хотир, ҳавову ҳаваси нафси худро байни худ ва байни амру фармони Аллоҳу паёмбараш парда қарор намедиҳад.

«Ҳар ки Аллоҳ ва паёмбарашро нофармонӣ кунад, ба таҳқиқ дар гумроҳии ошкоре гирифтор шудааст». Яъне: Дар гумроҳии возеҳу равшане гирифтор шудааст, зеро ӯ роҳи ростеро, ки ба Аллоҳ пайваст менамояд, тарк карда, дигар роҳҳое ки ба азоби дарднок пайваст мекунад, интихоб намудааст. Аз ин рӯ, Аллоҳ аввалан сабаби мухолифат накардани фармони Аллоҳу паёмбарашро, ки он имон аст, зикр намуд. Сипас монеаи онро, ки он барҳазар намудан аз гумроҳӣ, ки боиси уқубату муҷозот мегардад, зикр кард. Поёни сухан.

Китоби "Тафсиру-с-саъдӣ" (саҳ 612).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба мо хабар додааст, ки касе амри ӯро нофармонӣ кунад, пас ӯ ба ҷаннат дохил шудан намехоҳад !! Бухорӣ (7280) аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳамаи уммати ман вориди ҷаннат хоҳанд шуд, магар касе, ки имтиноъ варзад». Саҳобагон гуфтанд: Эй расулаллоҳ! Кӣ имтиноъ меварзад? (Чӣ касе ба ҷаннат ворид шудан намехоҳад?). Фармуд: «Ҳар кас маро фармонбардорӣ кунад, вориди ҷаннат мешавад ва ҳар кас маро нофармонӣ кунад, пас ӯ дар ҳақиқат имтиноъ варзидааст».

Ҳоли занони асрҳои аввали Ислом, ҳангоми дастур ба ҳиҷоб шитоб кардан барои баҷо овардани он буд. Ҳатто он занон ба хотири шитобидан барои анҷом додани ин фармон либосҳои худро пора карданд. Имон ҳаминро талаб мекунад.

Аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Аллоҳ муҳоҷирзанони аввалинро раҳм кунад, ҳангоме ки Аллоҳ ин оятро нозил кард, «ва бояд ки сарандозҳои худро бар гиребонҳои худ фурӯ гузоранд» онҳо мурут (як намуд либос)-и худро пора карданду, онро ҳамчун химор истифода бурданд (яъне рӯйҳояшонро бо он пӯшиданд).

Ривояти Бухорӣ ва Абудовуд (4102). Албонӣ инро дар китоби  "Саҳиҳу Абидовуд" саҳеҳ донистааст.

Ҳофиз Ибни Ҳаҷар гуфтааст:

Калимаи "мурут" ҷамъи мирт буда, маънояш изор мебошад.

"Ҳамчун химор истифода бурданд". Яъне: Рӯйҳояшонро пӯшиданд.

Китоби "Фатҳу-л-борӣ" (8/490).

Насиҳат ба он хоҳарон: Барои анҷом додани амри Аллоҳ таъоло таъхиру тараддуд накарда, бишитобанд ва кофтукове накунанд, ки чӣ тавр қисме аз ин амру фармонро иҷро намоему, қисми дигарашро гузорем. Бар зан воҷиб аст, ки мӯй, рӯй ва тамоми бадани худро бипӯшонад ва барои ӯ ҳалол нест, ки чизе аз инҳоро ба мардони бегона намоён созад. Ҳар зане, ки ин корро кунад, дар ҳақиқат худро ба ҳушдори Аллоҳ гирифтор кардааст ва имони ӯ ба он миқдоре, ки дар амри Аллоҳ кӯтоҳӣ кардааст, кам мегардад.

Дар ҷавоби саволи рақами (11774) ҳукми пӯшидани рӯи зан бо далелҳои муфассал баён шудааст.

Дар ҷавоби саволи рақами (6244) ба саволи "Чаро зан мӯяшро мепӯшонад?" посух дода шудааст. Ба он руҷӯъ карда шавад.

Дар ҷавоби саволҳои (214) ва (6991) " Сифатҳои ҳиҷоби дуруст" баён карда шудааст.

    Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб