Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ба таъхир андохтани ғусли ҷанобат то баъд аз дамидани субҳ дар моҳи Рамазон

Савол

Оё ба таъхир андохтани ғусли ҷанобат то дамидани субҳ ҷоиз аст? Оё ба таъхир андохтани ғусли ҳайз ё нифос то дамидани субҳ барои занон ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар зан пеш аз намози бомдод покиро бубинад, (яъне аз ҳайз ё нифос пок шавад), бояд рӯза бигирад ва ҳеҷ монеае нест, ки ғуслро то баъд аз дамидани субҳ ба таъхир андозад, вале ба таъхир андохтани ғусл то баромадани офтоб ҷоиз нест.

Ва ҳамин тавр барои ҷунуб ҷоиз нест, ки ғуслашро то баъд аз тулӯи офтоб ба таъхир андозад. Бар мард воҷиб аст, ки ин корро зуд анҷом бидиҳад, то намози бомдодро бо ҷамоъат дарёбад.

Сарчашма: Фатовои Шайх Ибни Боз