Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Фазилати рӯзаи шаш рӯзи Шаввол

Савол

Ҳукми рӯзаи шаш рӯзи Шаввол чист? Оё он воҷиб аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Рӯзаи шаш рӯзи Шаввол баъди адо намудани фаризаи Рамазон суннати мустаҳабшуда буда, воҷиб намебошад. Барои мусулмон рӯза доштани шаш рӯзи Шаввол машрӯъ аст ва он фазлу савоби бузург дорад. Шахсе, ки онро рӯза гирад, ба ӯ савоби рӯзаи яксола навишта мешавад. Ҳамчуноне, ки ҳадиси саҳеҳ аз Муҳаммади мустафо (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) омадааст, ки он аз Абуайюб (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Касе, ки Рамазонро рӯза гирад ва онро бо шаш рӯз аз Шаввол идома диҳад, (яъне шаш рӯзи дигар дар моҳи Шаввол рӯза гирад) монанди рӯзаи даҳр аст (гуё, ки як сол рӯза гирифтааст)".   Ривояти Муслим, Абудовуд, Тирмизӣ, Насоӣ ва Ибни Моҷа.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) онро тафсир намуда, фармуд:

"Касе, ки шаш рӯз баъд аз иди Фитр рӯза гирад, пас ин ба андозаи як соли комил аст". Чуноне ки Аллоҳ таъоло фармудааст:

 مَن جَاءَ بِالْحَسَنَةِ فَلَهُ عَشْرُ أَمْثَالِهَا 

"Ҳар ки кори неке биоварад, даҳ баробар некӣ барояш навишта мешавад".

Дар ривояти дигаре омадааст: "Аллоҳ таъоло некиро даҳ баробар мукофот медиҳад, пас як моҳ баробари даҳ моҳ аст ва рӯзаи шаш рӯз баробаи як соли комил аст".   Ривояти Насоӣ ва Ибни Моҷа. Ин ҳадис дар китоби "Саҳиҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб" дар (ҷ 1, саҳ 421) зикр шудааст. Ибни Хузайма ин ҳадисро бо лафзи зерин ривоят кардааст: "Рӯзаи моҳи Рамазон баробари даҳ моҳ аст ва рӯзаи шаш рӯзи Шаввол баробари ду моҳ аст. Пас он рӯзаи як соли комил аст".

Дар ҳақиқат фақеҳони мазҳаби ҳанбаливу шофеӣ баён намудаанд, ки рӯзаи шаш рӯзи Шаввол баъди Рамазон, ба рӯзаи фаризаи яксола баробар аст. Дар ҳоле ки дучанд шудани аҷр умуман (дар ҳама ибодатҳо), ҳатто дар рӯзаи нофила собит шудааст, зеро як некӣ даҳ баробар подош дорад.

Аз фоидаҳои муҳими рӯзаи шаш рӯзи Шаввол, ин пурра кардани камбудиҳои рӯзаи Рамазон аст, зеро рӯзадор аз камбудӣ ё гуноҳе, ки ба рӯзааш таъсири манфӣ дорад, пок нест. Рӯзи қиёмат барои ҷуброни (пур кардани ҷои) камбудии фаризаҳо ибодатҳои нофила ба кор меояд ва бо он камбудиҳо пӯшонида мешавад. Ҳамчуноне ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Аввалин амале, ки дар рӯзи қиёмат мардум мавриди ҳисобу китоб қарор мегиранд, ин намоз аст. Парвардигорамон азза ва ҷалла ба фариштагон агарчи худ аз аҳволи бандагон донотар аст, мегӯяд: Ба намози бандаам нигаред, ки оё мукаммал кардааст, ё бо камбудӣ намозашро адо намудааст. Агар намозаш комил бошад, комил нависта мешавад ва агар ноқис бошад, Аллоҳ мегӯяд ки бубинед оё бандаам (намозҳои) нофила дорад? Пас агар ӯ (намозҳои) нофила дошта бошад, Аллоҳ таъоло мегӯяд: Фаризаҳои бандаамро аз ибодатҳои нофилааш комил созед. Пас тамоми амалҳо ҳамин гуна гирифта мешаванд".   Ривояти Абудовуд.

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид