Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Интиқол додани маййит (шахси фавтида) ба кишвараш

8852

Таърихи нашр : 13-04-2020

Мушоҳидаҳо : 3285

Савол

Ман дӯсте дорам. Ҳафтаи гӯзашта шавҳари хоҳараш вафот кард, (Аллоҳ ӯро раҳм кунад). Баъди вафот намуданаш бародарону хешовандонаш ҷасадашро ба деҳаашон, ки дар дурии 14-соата роҳ бо мошин қарор дорад, бурданд. Ҳамсари маййит ба бародарони шавҳараш гуфт, ки шавҳараш пеш аз вафот дар варақае нависта буд, ки дар куҷое, ки вафот кунад,  ӯро ҳамонҷо дафн кунанд. Вале касе ба суханони ӯ гӯш надод. Баъд аз муддате он зан аз миёни варақҳои шавҳараш он васияти навиштаи ӯро, ки зери он имзо гузошта буд, пайдо намуд.

Оё бародарону хешовандони маййит кори гуноҳе анҷом додаанд? Акнун чӣ бояд кард? Оё ягон садақае вуҷуд дорад, ки бародарону хешовандони маййит ба хотири ба васият амал накарданашон, онро пардохт кунанд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ин масъаларо бояд аз ду тараф баррасӣ намуд.

Аввал: Масъалаи амал намудан ба васияти маййит.

Дуввум: Ҳукми интиқол додани маййит аз шаҳре, ки дар он вафот намудааст, ба дигар шаҳр.

Доир ба масъалаи аввал, бояд гуфт, ки иҷрои васияти маййит, хоҳ васияти воҷиб бошад, хоҳ мустаҳаб, воҷиб мебошад.   Ба шарҳи китоби "Ал-Мумтиъ" (5333) нигаред.

Аммо масъалаи дуввум бошад, шарҳи бештар металаб. Дар ин бора шайх Ибни Қудома чунин гуфтааст:

Маййит танҳо бо мақсадҳои дуруст аз як шаҳр ба шаҳри дигар интиқол дода мешавад. Ин аст мазҳаби Авзоӣ ва Инби Мунзир (дар ин масъала). Зеро хароҷоти он (яъне интиқол надодан) камтар буда, ҷасади маййитро аз тағйир ёфтан эмин медорад. Вале агар дар интиқол додани маййит мақсади дурусте вуҷуд дошта бошад, ин кор ҷоиз аст.   Китоби "Ал-Муғнӣ" (2/193-194).

Дар фатвои кумитаи доимии фатво оид ба масъалаи музкур чунин омадааст:

Равише, ки дар замони паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва саҳобагон амалӣ мешуд, он буд, ки шахсони фавтидаро дар қабристони шаҳре, ки онҷо  вафот кардаанд, дафн мекарданд. Аммо шаҳидон бошанд, куҷое, ки вафот кардаанд, худи ҳамон ҷой дафн мешуданд. Дар ягон ҳадис ва ё осори саҳеҳ наомадааст, ки ягон саҳобаро аз шаҳре, ки вафот кардааст, ба қабристони дигаре, ё гӯшаи дигаре ва ё макони наздике интиқол дода бошанд.

Аз ин хотир, ҷумҳури фуқаҳо гуфтаанд: Маййитро барои дафн кардан аз ҷое, ки вафот намудааст, ба дигар ҷой интиқол додан ҷоиз нест. Танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ, монанди хавфи вайрон кардани қабри ӯ ва ё зарар расонидан ба он ва ё беҳурматӣ кардан ба хотири хусумат ё бепарвоӣ ба қабри ӯ, дар ин ҳолат ҷасади ӯро ба як ҷойи амн интиқол додан воҷиб аст.

Вале ба хотири он ки хешовандони маййит осуда бишаванд ва ё ба зиёрати қабри ӯ имкон пайдо бикунанд, дар ин ҳолат интиқол додани маййит ба кишвари худаш ҷоиз аст.

Тибқи нишондоди олимон, дар баробари ин сабаб ва мисолҳое, ки зикр гардид, шарт ин аст, ки ба сабаби таъхири дафн ба ҷасади маййит хатари вайроншавӣ таҳдид накунад ва инчунин набояд беэҳтиромӣ нисбати ӯ сурат гирад. Аз ин рӯ, дар ҳолати набудани сабабҳои зарурӣ интиқол додани ҷасади маййит ҷоиз нест.

Кумитаи доимии фатво бар ин назар аст, ки ҳар як маййит дар кадом шаҳре, ки вафот намудааст, бояд дар ҳамонҷо дафн карда шавад ва бояд ҷасади ӯ ба истиснои мақсадҳои дуруст ба дигарҷо интиқол дода нашавад, ба хотири амал намудан ба суннат, пайравӣ ба гузаштагони ин уммат ва бастани роҳҳои василаҳои фасоду ҳаром ва ба хотири амалӣ намудани тарғибу ташвиқоти шариъат дар шитоб кардан дар дафн ва ба хотири ҳимояи маййит аз тадобире, ки ба ҷасади ӯ барои тағйир наёфтани он сурат мегирад ва ба хотири дӯрӣ аз исрофкорӣ, бе зарурат хароҷот кардани моли зиёд, ки ягон ҳоҷати шаръие нест, ки ба он даъват кунад, бо риоя намудани ҳуқуқи меросбарон ва хароҷоти шаръӣ ва амалҳои неке, ки бояд ин маблағ ва монанди он дар он харҷ карда шавад. (Яъне ба хотири ин амалҳо, маййит дар кадом шаҳре, ки вафот намудааст, бояд дар ҳамонҷо дафн карда шавад ва ҷасади ӯ магар дар ҳолатҳои зарурӣ ва ба мақсадҳои дуруст ба дигарҷо интиқол дода нашавад).

Бар ин асос имзои кумитаи доимии  фатво  гузошта шудааст. Дуруду Аллоҳ ба паёмбарамон Муҳаммад ва ба олу саҳобагони ӯ бод.

"Фатово исломийя" (2/31, 32).

Аммо доир ба он амале, ки наздикони маййит анҷом додаанд, бояд гуфт, ки агар мухолифат ва амал накардани онҳо ба васият, ба сабаби дар ростгӯии ҳамсари бародарашон шак намудан бошад, боке надорад, зеро онҳо қасдан мухолифи васият амал накардаанд.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَلَيسَ عَلَيْكُم جُنَاحَ فِيمَا أَخطَأتُم بِهِ وَلَٰكِن مَّا تَعَمَّدَتْ قُلُوبُكُمْ    سورة الأحزاب: 5.

"Бар шумо дар он коре аз рӯи хато анҷом додаед гуноҳе нест, магар ин ки қасдан карда бошед".   (Сураи Аҳзоб: 5).

Аммо агар онҳо сухани ҳамсари бародарашонро тасдиқ намудаву, ба он аҳамият надода, мухолифи васият амал карда бошанд, пас онон гунаҳгор буда, нисбати маййит ноҳаққӣ намудаанд.

Аммо бидуни зарурат интиқол додани маййит ба ин қадар масофаи дур ин як ноҳаққии дигарест насбат ба маййит. Зеро дар омодаву дафн намудани маййит шитоб намудан, ин худ икроми маййит ба шумор меравад, чи тавре ки уламо фармудаанд.   Ба китоби "Ал-Мадхал" 3237 нигаред.

Пас бояд онҳо аз ин амали худ изҳори пушаймонӣ намуда, тавбаву истиғфор намоянд ва дар ҳаққи маййит дуо кунанд. Бар онон ягон садақае лозим нест ва агар худашон садақа кунанд хуб аст, зеро садақа яке аз сабабҳои мағфират ва кафорати гуноҳон мебошад.

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб