Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Кадом вақт муҳаббати Аллоҳ инсонро аз азоб наҷот медиҳаад?

Савол

Оё касе, ки Аллоҳро дӯст дорад, дохили дӯзах мегардад? Бисёре аз кофирон, ба монанди яҳудиён ва насрониён вуҷуд доранд, ки Аллоҳро дӯст медоранд ва инчунин мусулмони фосиқ Аллоҳро дӯст медорад ва ҳаргиз намегӯяд, ки Парвардигори худро бад мебинад. Оё ба ин масъала равшанӣ меандозед?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ибни Қаййим (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) ба ин масъала равшанӣ андохта мегӯяд:

Инҷо чаҳор намуди муҳаббат вуҷуд дорад, ки бояд байни онҳо фарқ гузошт. Касоне ки дучори гумроҳӣ шудаанд, бо сабаби фарқияти онҳоро надонистан гумроҳ шудаанд.

Аввал: Муҳаббати Аллоҳ ба танҳоӣ барои наҷот аз Аллоҳ таъоло ва азоби Ӯ ва ба даст овардани аҷру савоб кофӣ нест. Зеро мушрикон ва салибпарастон ва яҳудон ва дигарон низ Аллоҳро дӯст медоранд.

Дуввум: Муҳаббати он чизе, ки Аллоҳ дӯст медорад, ки инсонро дар доираи ислом қарор медиҳад ва аз доираи куфр берун месозад. Маҳбубтарини мардум  дар назди Аллоҳ касонеанд, ки ба ин муҳаббат пойдортар ва дар мн маврид қавитаранд.

Саввум: Муҳаббат ба хотири Аллоҳ ва дар роҳи Ӯ, ки ин яке аз лавозим ва шурутест, барои муҳаббати он чизе, ки Аллоҳ дӯст медорад. Муҳаббати он чизе, ки Аллоҳ дӯст медорад, устувор намегардад, магар бо муҳаббат ба хотири Аллоҳ ва дар роҳи Ӯ.

Чаҳорум: Муҳаббат бо ҳамроҳи Аллоҳ, ки ин муҳаббати ширкӣ ба ҳисоб меравад. Касе, ки чизеро на барои Аллоҳ ва на ба хотири Аллоҳ ва на дар роҳи Ӯ, балки бо ҳамроҳи Аллоҳ дӯст дорад, ӯро барои Аллоҳ ҳамто ва шарике қарор додааст, ки ин муҳаббати мушрикон аст.

Намуди панҷум боқӣ монд, ки ба он чаҳор муҳаббат робитае надорад ва он муҳаббати фитрӣ ва он майл доштани инсон ба чизе, ки мувофиқи фитраташ аст. Ба монанди дӯст доштани об барои ташна ва хӯрок барои гурусна ва дӯст доштани хоб ва дӯст доштани зану фарзанд, ки инсон дар ин ҳолат мазаммат карда намешавад, модоме ки ӯро аз ёди Аллоҳ ва муҳаббати Ӯ машғул насозанд.

Чуноне ки Аллоҳ таъоло фармудааст:

 يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تُلْهِكُمْ أَمْوَالُكُمْ وَلَا أَوْلَادُكُمْ عَن ذِكْرِ اللَّهِ    سورة المنافقون: 9.

"Эй касоне, ки имон овардаед, молҳову фарзандонатон шуморо аз зикри Аллоҳ машғул нагардонанд".   (Сураи Мунофиқун: 9).

Инчунин Аллоҳ таъоло фармудааст:

 رِجَالٌ لَّا تُلْهِيهِمْ تِجَارَةٌ وَلَا بَيْعٌ عَن ذِكْرِ اللَّهِ    سورة نور: 37.

"Мардоне, ки ҳеҷ тиҷорат ва хариду фурӯше онҳоро аз ёди Аллоҳ машғул намесозад".   (Сураи Нур: 37).

Ал-ҷавобу-л-кофӣ, 1/134.

Ибни Қаййим  (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт:

Фарқ байни муҳаббат ба хотири Аллоҳ ва муҳаббат бо ҳамроҳи Аллоҳ, ки аз муҳимтарин фарқҳост ва ҳар кас ба фарқ кардани ин ду мӯҳтоҷ ва балки маҷбур аст. Муҳаббат ба хотири Аллоҳ аз нишонаҳои комилии имон аст ва муҳаббат бо ҳамроҳи Аллоҳ, айни ширк аст. Фарқ байни он ду дар он аст, ки дӯстдоранда дар муҳаббат тобеъ ба муҳаббати Аллоҳ аст ва агар муҳаббати Аллоҳ дар дили банда ҷой гирифт, муҳаббати он чизе, ки Аллоҳ онро дӯст медорад, ба бор меорад. Дар натиҷа ҳар амалеро, ки Парвардигор ва дӯсти Ӯ дӯст доранд, дӯст медорад. Ин муҳаббат ба хотири Аллоҳ ва дар роҳи Ӯ мебошад. Инчунин фиристодагону паёмбарон ва фариштагону дӯстони Аллоҳро дӯст медорад, чунки Аллоҳ онҳоро дӯст медорад ва касе, ки онҳоро (фиристодагону паёмбарон ва фариштагону дӯстони Аллоҳро) дӯст надорад, ӯро дӯст намедорад, чунки Аллоҳ таъоло онҳоро дӯст намедорад. Нишонаи ин дӯстӣ ва душманӣ ба хотири Аллоҳ, ин аст ки нафраташ ба касе, ки Аллоҳ ӯро дӯст намедорад, ба хотири некиву хидматҳояш ва баровардани ҳоҷатҳояш, ба муҳаббат табдил намеёбад ва муҳаббаташ ба касе, ки Аллоҳ ӯро дӯст медорад, ба бадбинӣ табдил намеёбад, агар аз тарафи ӯ, саҳван ё қасдан, ё ба хотири таъвил ё иҷтиҳоде бинобар итоати Аллоҳ, ё бо саркашӣ, ки пас аз он тавба кунад, ягон чизи нописандида ё дардноке расад.

Ҳамаи дин ба чаҳор қоидаи муҳаббат ва буғз (бад дидан) мечархад ва бар асоси ин ду, анҷом додан ва тарк кардани амал ба вуқӯъ меояд. Пас агар касе, ки муҳаббату буғз (бад дидан) ва анҷом додану тарк карданаш аз барои Аллоҳ бошад, ҳароина имони ӯ комил гаштааст. Ба тавре, ки агар дӯст дорад, барои Аллоҳ дӯст медорад ва агар бад бинад, барои Аллоҳ бад мебинад ва кореро анҷом диҳад, барои Аллоҳ анҷом медиҳад ва агар кореро тарк кунад, барои Аллоҳ тарк мекунад. Агар қисме аз ин чаҳор қоида кам шавад, ба андозаи он аз имон ва дини ӯ кам мешавад.

Ин бар хилофи муҳаббат бо ҳамроҳи Аллоҳ аст, ки он ду навъ аст: Навъе асли тавҳид (яктопарастӣ)-ро иллатдор месозад, ки он ширк аст ва навъе камоли ихлос ва муҳаббати Аллоҳро иллатдор месозад, вале аз доираи Ислом хориҷ намесозад.

Навъи аввал: Мисли муҳаббати мушрикон аст, ки барои бутҳояшон доштанд. Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَمِنَ النَّاسِ مَن يَتَّخِذُ مِن دُونِ اللّهِ أَندَادًا يُحِبُّونَهُمْ كَحُبِّ اللّهِ    سورة البقرة: 165.

"Ва аз мардум касоне ҳастанд, ки ба ҷуз Аллоҳ ҳамтоёне мегиранд, онҳоро монанди дӯст доштани Аллоҳ дӯст медоранд".   (Cураи Бақара: 165).

Ин мушрикон бутҳову ҳайкалҳо ва маъбудҳои худро бо ҳамроҳи Аллоҳ, чунон дӯст медоранд, ки Аллоҳро дӯст медоранд. Ин гуна муҳаббат ба манзалати Худо бардоштан ва дӯст қарор додан аст, ки тарсу умед ва ибодату дуоро ба бор меорад. Ҳамоно ин гуна муҳаббат айни ширк буда, Аллоҳ онро намебахшад. Имони банда комил намегардад, магар дар ҳоле, ки бо он бутҳо ва бутпарастон душманӣ ва бар зидди онҳо ҷанг эълон намояд. Аллоҳ таъоло барои ҳамин тамоми паёмбаронашро фиристод ва ҳамаи китобҳояшро нозил кард ва дӯзахро барои аҳли ин муҳаббати ширкӣ халқ намуд ва ҷаннатро барои касоне офаридааст, ки бо аҳли ширк мубориза баранд ва дар роҳи Ӯ ва ба хотири ба даст овардани хушнудии Ӯ душманӣ варзанд. Касе, ки чизеро аз Арш то замин (ба ҷуз Аллоҳ) парастиш кунад, ҳамоно ба ғайри Аллоҳ, маъбуд ва валии дигаре пазируфта, ба Аллоҳ ширк варзидааст ва фарқе нест, ки он маъбуд чи бошад, бояд аз он дурӣ ҷӯяд.

Навъи дуввум: Муҳаббати он чизе, ки Аллоҳ барои нафс зинат додааст, аз занону фарзандон, тиллову нуқра, аспони нишондору чорпоён ва зироату киштукор, ки дӯстдориаш аз рӯи хоҳишот ба амал меояд, мисли майлу рағбат доштани фарди гурусна ба хӯрок ва шахси ташна ба об. Ин муҳаббат се навъ аст:

Аввал: Агар онро барои Аллоҳ дӯст бидорад, то бо воситаи он ба Аллоҳ наздик шавад ва бо воситаи он аз хушнудӣ ва тоати Ӯ баҳраманд шавад, сазовори савоб мегардад. Ин аз навъи дӯст доштан барои Аллоҳ ба шумор рафта, василаест барои ба Аллоҳ наздик шудан, ки аз он лаззат мебарад. Ин ҳоли мукаммалтарини мардум, паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аст, ки аз ин дунё занон ва хушбӯӣ барояш писандида буд ва муҳаббати ӯ ба ин ду (занон ва хушбӯӣ) кӯмаке буд барои муҳаббати Аллоҳ ва расонидани рисолат ва барпо кардани он.

Дуввум: Агар онро  ба хотири мутобиқи майлу рағбату хоҳишоташ дӯст бидорад ва онро аз он чизе, ки Аллоҳ дӯст медорад ва аз он хушнуд аст, бартар нашуморад, балки аз рӯи хостаи табиӣ бошад, ба навъи мубоҳот дохил мегардад ва бар он ҷазо дода намешавад. Вале камоли муҳаббаташ барои Аллоҳ ва дар роҳи Ӯ коста мегардад.

Саввум: Агар он мақсаду муроди ӯ бошад ва бар ҳосил кардани он саъю талош кунад ва онро аз он чизе, ки Аллоҳ дӯст медорад ва аз он хушнуд аст, бартар шуморад, дар ҳаққи худ ситам карда, пайрави ҳавою ҳавас шудааст.

Навъи аввал муҳаббати пешқадамон аст, навъи дуввум муҳаббати мӯътадилон аст ва навъи саввум муҳаббати ситамкорон аст.

Китоби Арруҳ-и Ибни Қаййим (1/254).

Дуруди Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад бод.

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид