Панҷшанбе 27 Ҷумода-л-уло 1446 - 28 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Оё барои мард ҷоиз аст, ки таваллуд кардани ҳамсарашро бубинад?

Савол

Оё ҷоиз аст, ки мард ҳангоми таваллуд кардани ҳамсараш иштирок кунад ва таваллуд кардани ҳамсарашро бубинад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бале, барояш ҷоиз аст, ки ҳангоми таваллуди ҳамсараш иштирок кунад, зеро барои шавҳар дидани тамоми бадани ҳамсари худ, бе истисно ҷоиз аст.

Зеро Анас ибни Молик (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят карда, мефармояд: «Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва зане аз занонаш бо сабаби ҷанобат аз як зарф ғусл мекарданд».   Ривояти Бухорӣ (264).

Бинобар ин, ҳеҷ боке нест, ки мард дар ҳангоми таваллуд кардани ҳамсараш иштирок кунад, модоме ки дар он ҷо дигар занони бегонаи беҳиҷоб вуҷуд надошта бошанд.

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид