Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё Ал-Аҳад яке аз номҳои Аллоҳ аст

10282

Таърихи нашр : 02-12-2020

Мушоҳидаҳо : 2173

Савол

Оё Ал-Аҳад яке аз номҳои Аллоҳ аст? Оё бароям ҷоиз аст, ки номи писарамро "Абдулаҳад" гузорам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бале, Ал-Аҳад яке аз номҳои Аллоҳ аст, ки дар Куръон, дар ояти зерин зикр шудааст:

قُلْ هُوَ اللَّهُ أَحَدٌ ❁ اللَّهُ الصَّمَدُ

«(Эй Паёмбар) Бигӯ: Ӯ Аллоҳ яктост. Аллоҳ бениёз аст».   (Сураи Ихлос: 1-2).

Бинобар ин, ҷоиз аст, ки номи писаратро Абдулаҳад гузорӣ ва инчунин ҷоиз аст, ки номи ӯро Абдуссамад гузорӣ.

Шайх Абдурраҳмон Ал-Баррок

Маънои Ал-Аҳад:

Ӯ танҳо аст, ки ҳамеша ягона буд ва ҳеҷ гоҳ касе бо Ӯ ҳамроҳ набуд.  

(Ан-Ниҳоя: 1/35).

Ӯ бо ягонагии худ дар зоту сифатонаш танҳо аст. Баъзе донишмандон байни Ал-Воҳид ва Ал-Аҳад фарқ гузоштаанд, ки Ал-Воҳид танҳо ягонагии зоти Ӯро ифода менамояд. Аммо Ал-Аҳад ягонагии зот ва сифатони Ӯро ифода менамояд.

(Тафсиру асмаиллаҳ-и Заҷҷоҷ, саҳ 58).

Ва гуфта шудааст, ки Ал-Воҳид ин аст, ки Ӯ дар зоти худ ягона аст ва ҳеҷ ҳамто ва шабеҳ надорад. Аммо калимаи Ал-Аҳад бар ягонагӣ бино ёфтааст. Танҳоӣ дар байни ҳамроҳон. Пас Ал-Воҳид ин аст, ки Ӯ дар зоти худ ягона аст. Аммо Ал-Аҳад ин аст, ки Ӯ дар сифатони худ ягона аст. Ал-Аҳад яке аз сифатҳои Аллоҳ таъоло аст, ки онро танҳо барои худ интихоб кардааст ва ҳеҷ чизи дигаре дар он насибе надорад.

(Ал-Лисону-л-Араб – Аҳад - 1/35, ваҳида 8/4779 - 4783).

Аллоҳ таъоло Ал-Воҳид (ягона) ва Ал-Аҳад (якто) аст ва дуввум, шарик, ҳамто ва шабеҳе надорад. Ӯ Ал-Воҳид (ягона) аст, ки бандагонаш ба Ӯ эътимод мекунанд ва ба Ӯ рӯ меоранд. Ба ғайри Ӯ ба каси дигаре такя намекунанд.   

(Иштиқоқу асмоиллоҳ: 90-93).

Ӯ Ал-Воҳид (ягона) аст, ки ҳеҷ чиз монанди Ӯ нест. Ҳар чизи дигаре ғайр аз Ӯ, дар баъзе ҷиҳатҳо ягона ҳисобида мешавад, аммо дар бисёр ҷиҳатҳои дигар ягона ҳисобида намешавад.

(Шаъну-д-дуо: 82-83).

Ибни Ҷарир эътиқод дорад, ки маънои ваҳдонияти Аллоҳ, ин нафй намудани ҳамтоёну шабеҳон аз Аллоҳ мебошад. Аллоҳ ҳамто ва шабеҳе надорад. Ӯ маъбуди ягона ва Парвардигори ягона аст, ки ғайри Ӯ сазовори итоат нест. Ғайр аз Ӯ каси дигаре шоистаи парастиш нест.  

(Тафсири Ибни Ҷорир: 3/265-266).

Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَإِلَٰهُكُمْ إِلَٰهٌ وَاحِدٌ

البقرة:١٦٣.

«Маъбуди шумо маъбуди ягона аст».   (Сураи Бақара: 163).

Аллоҳ таъоло зотест, ки бо тамоми камолот ягона аст, ки ҳеҷ ҳамтое дар он шарик шуда наметавонад. Бояд бандагон Ӯро бо қалбҳо ва гуфтору рафтор ягона шуморанд ва комилияти мутлақи Ӯ ва ягонагии Ӯро дар ваҳдоният эътироф кунанд ва Ӯро бо тамоми намудҳои ибодат ягона шуморанд.

(Тайсиру-л-карими-р-Раҳмон: 5/485).

Сарчашма: Шарҳу асмоиллоҳи таъоло ал-ҳусно ва сифотиҳи-л-воридати фи-л-кутуби-с-ситта, саҳ: 47