Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Дар далелҳо омадааст, ки Маҳдии мунтазар дар охирзамон меояд. Ӯ имоми одил аз авлоди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аст. Ӯ маъсум нест, бар хилофи Исо (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), ки тибқи нусус (ҳадисҳову ривоятҳо)-и мутавотир дар охирзамон (аз осмон) фуруд меояд ва бо шариати Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳукм мекунад.
Фарқи байни он ду ин аст, ки Исои Масеҳ пайғамбар ва Маҳдӣ ҳокими одил аст.