Аввал:
Сухан рондан дар бораи сирати паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва зиндагии даъватӣ, ҷиҳодӣ ва оилавии ӯ аз ҷумлаи мавзӯъҳоест, ки дилҳоро ба худ ҷалб мекунад, зеро ҳаёти ӯ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) саршор аз ҷанбаҳои дурахшон ва ахлоқи комил буд, ки қалам аз навиштани он оҷиз мемонад ва забон аз ифодаи он нотавон мегардад. Аммо барои мо басанда аст он чӣ Аллоҳ таъоло дар ситоиши ӯ фармудааст:
وَإِنَّكَ لَعَلَى خُلُقٍ عَظِيمٍ
سورة القلم: ٤
«Ва яқинан ту ахлоқи бисёр наку ва волое дорӣ». (Сураи Қалам: 4).
Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) соҳиби ахлоқи бузург буд — ҳам бо аҳли хонаводааш, ҳам бо ёронаш ва ҳатто бо душманонаш.
Дуввум:
Донишмандон (Аллоҳ таъоло онҳоро раҳм кунад) аз замонҳои қадим то имрӯз китобҳои бисёре дар баёни сирати поку хушбӯйи ӯ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) таълиф намудаанд. Дар он китобҳо аз сирати ӯ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бо ёронаш, бо аҳли хонаводаву ҳамсарон, бо ҳамсоягон ва ҳатто бо душманонаш сухан гуфтаанд, инчунин ғазваҳояшро, ки анҷом додааст ва вафоташро (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) низ баён кардаанд.
Ва аз ҷумлаи ин таълифот:
1- "Сирату Ибни Ҳишом" (Аллоҳ ӯро раҳм кунад).
2- "Зоду-л-маъод"-и Ибни Қаййими Ҷавзӣ (Аллоҳ ӯро раҳм кунад).
3- "Ар-Раҳиқу-л-махтум"-и Муборакфурӣ (Аллоҳ ӯро раҳм кунад).
4- "Мухтасару-с-сира"-и Шайх Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб (Аллоҳ ӯро раҳм кунад).
5- "Ҳоза-л-ҳабибу ё муҳибб"-и Абубакри Ҷазоирӣ (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад).
6- "Ас-сирату-н-набавияту дурусун ва ъибар"-и Сибоъӣ (Аллоҳ ӯро раҳм кунад).
7- "Ас-сирату-н-набавияту-с-саҳиҳа"-и Акрам Зиё Ал-Умарӣ (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад).
Аллоҳ донотар аст.