Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Тариқаи дафн кардани маййит ва баёни таъзия бар аҳли ӯ

Савол

Падарам ба наздикӣ дар ҳаҷ вафот намудааст. Дар мо чунин одат аст, ки ки мардум барои баёни таъзия омада, баъди он ҳама дастҳонашонро барои қироат намудани Фотиҳа боло бардошта, дар ҳаққи мурда, дуо мекунанд. Ман медонам, ки ин амал ҷоиз нест ва доимо кӯшиш мекунам, ки аз чунин рафтор дур бошам. Ман дар ин хусус якчанд савол дорам:

Ҳангоми таъзия чӣ бояд кард ва чӣ  бояд накард?

Ҳангоми бардоштани маййит чӣ бояд гуфт?

Ҳангоми маййитро ба қабр гузоштан чӣ бояд гуфт?

Оё нишонае бо навистани ном бар болои қабр гузоштан ҷоиз аст?

Дуъои баъди ба итмом расонидани дафн чист?

Ба болои қабри маййит об гузоштан, то чӣ андоза саҳеҳ  аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал: Ҷанозаро бардошта аз қафои он рафтан воҷиб мебошад. Ин яке аз ҳуқуқҳои мусулмони мурда бар мусулмонон аст. Дар бобати аҷри ин амал фазилати бузурге омадааст.

Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Касе, ки ба ҷаноза аз хонаи маййит иштирок кунад, - ва дар ривояте, - касе, ки аз пайи ҷанозаи мусулмоне аз рӯи имон ва талаби савоб равад ва бар ӯ намоз хонад, барояш ба андозаи як қирот савоб дода мешавад ва касе ки то ба хок супорида шуданаш, иштирок кунад, барои ӯ ба андозаи ду қирот савоб дода мешавад". Шахсе пурсид: Эй расулуллоҳ! Ду қирот чист? Фармуд: "Монанди ду кӯҳи бузург".   Бухорӣ ин ҳадисро дар боби (Ал-ҷаноиз: 1240) ривоят кардааст.

Ҳангоми аз қафои ҷаноза рафтан амалҳои хилофи шаръиро анҷом додан ҷоиз нест. Аз ҷумла:

Бо овози баланд гиря намудан, ба думболи он хушбӯӣ намудан, дар назди ҷаноза бо овози баланд зикр кардан, зеро ин бидъат аст. Қайс ибни Убод гуфтааст: "Саҳобагони расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар назди ҷаноза баланд бардоштани овозро макруҳ  медонистанд". Зеро ин амал ба амали насрониҳо монандӣ дорад. 

Дуввум: Дафн намудан.

Мусулмон бо кофир ва кофир бо мусулмон дафн карда намешавад. Мусулмон дар қабристони мусулмонон дафн карда мешавад.

Маййитро аз ҷиҳати поёнии қабр дохил намудан суннат аст ва  ҳамчунин ӯро дар қабр ба тарафи росташ  гузоштану рӯяшро ба суйи қибла кардан низ суннат аст. Шахсе, ки маййитро ба қабр мегузорад, чунин мегӯяд:

 بِسْمِ اللهِ، وَعَلَى سُنَّةِ رَسُولِ اللهِ 

"Бисмиллоҳи ва ъало суннати расулиллоҳ".

(Ба номи Аллоҳ ва суннати расулуллоҳ).

Ё чунин мегӯяд:

 بِسْمِ اللهِ، وَعَلَى مِلَّةِ رَسُولِ اللهِ 

"Бисмиллоҳи ва ъало миллати расулиллоҳ".

(Ба номи Аллоҳ ва миллати расулуллоҳ).   Тирмизӣ ин ҳадисро дар боби (Ал-ҷаноиз: 967) ривоят кардааст. Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу сунани Абидовуд" (836) саҳеҳ шуморидааст.

Баъд аз пӯшонидани лаҳад, ба шахсоне ки дар назди қабр вуҷуд доранд, бо ҳарду дастони худ се мушт хок гирифтану ба болои қабр пошидан мустаҳаб аст.

Баъд аз ба итмом расидани дафн, ин амалҳо суннат аст:

Қабр аз замин каме, яъне ба миқдори як ваҷаб бардошта шавад, ба замин баробар карда нашавад, то мардум қабр будани онро донанду, онро ҳифз намоянд ва нисбати он беҳурматӣ накунанд. Қабр аз замин тақрибан як ваҷаб бардошта шавад. Ба хотири дигар хешовандонро дар онҷо дафн намудан, санг ё ягон чизеро ҳамчун нишона гузоштан боке надорад. Ба болои қабр об пошидан ҷоиз аст, хоки он мустаҳкам гардад ва хоки онро шамол набарад. Ба маййит чизе талқин карда намешавад, чи гунае ки назди баъзе маъруф аст. Балки назди қабр истода, дар ҳаққи маййит барои устуворӣ ва талаби мағфирати гуноҳаш дуо  мекунад ва инро аз дигарон низ хоҳиш мекунад. 

Чуноне ки дар ҳадис омадааст. Усмон ибни Аффон (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) гуфт: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) баъди дафн намудани маййит дар назди қабри ӯ истода мегуфт: "Дуо кунед, ки Аллоҳ гуноҳони бародаратонро мағфират кунад ва ӯро (ҳангоми пурсиш) устувор гардонад, зеро ӯ ҳоло пурсида мешавад".   Абудовуд ин ҳадисро дар боби (Ал-ҷаноиз: 2804) ривоят кардааст. Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу сунани Абидовуд" (2758) саҳеҳ шуморидааст.

Дар назди қабр чизе аз Қуръон хонда намешавад, зеро ин амал бидъат буда, паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва саҳобагони киром онро иҷро накардаанд. Бар болои қабр бино сохтан, гаҷкорӣ кардан ва навиштаҷот гузоштан ҳаром аст.

Чуноне ки Ҷобир гуфтааст: "Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) гаҷкорӣ кардан, бар болои қабр нишастан ва бино сохтанро манъ намудааст".   Муслим ин ҳадисро дар боби (Ал-ҷаноиз: 1610) ривоят кардааст. Дар ривояти Абудовуд чунин омадааст: "Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) гаҷкорӣ намудани қабрҳо, бар болои он навистан ва зер кардани онро манъ намудааст".   (Боби Ал-ҷаноиз: 3226). Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу сунани Абидовуд" (2763) саҳеҳ шуморидааст.

Саввум: Таъзия баён намудан ба хешовандони маййит мувофиқи шариат мебошад. Ҳар он чизе, ки баҳри дилбардории хешовандони маййит ва дур кардани ғамгиниашон ва ба сабр даъват намудани онон гуфта шавад, таъзия шуморида мешавад. Бо он чизе, ки аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст, таъзия баён мекунад, агар дар ёдаш бошад, вагарна метавон бо кадом лафзи хубе, ки барояш осон буда хилофи шариат набошад, таъзия баён кунад.

Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) таъзияи зерин ворид шудааст:

 إِنَّ لِلَّـهِ مَا أَخَذَ، وَلَهُ مَا أَعْطَى، وَكُلُّ شَيءٍ عِنْدَهُ بِأَجَلٍ مُسَمَّىً فَلْتَصْبِرْ وَلْتَحْتَسِبْ 

"Инна лиллоҳи мо ахаза, ва лаҳу мо аъто, ва куллу шайъин ъиндаҳу биаҷалин мусаммо, фалтасбир валтаҳтасиб".

(Ҳаройина он чизе, ки Аллоҳ гирифт, аз они Ӯст ва он чизе, ки ато намуд, аз они Ӯст. Ҳама чиз дар назди Ӯ ба як муддати муайян аст. Пас сабр кун ва савобашро аз Аллоҳ бидон).   Бухорӣ ин ҳадисро дар боби (Ал-ҷаноиз: 1204) ривоят кардааст.

Бояд аз ду кор дурӣ ҷӯст:

1. Ҷамъшавӣ барои таъзия баён намудан ва агарчӣ мардум ин амалро кунанд.

2. Аз тарафи хонаводаи маййит барои таъзиягарон таом тайёр намудан.

Суннат ин аст, ки бояд наздикону ҳамсоягони маййит барои хонаводаи маййит хӯроке, ки онҳоро сер кунад, омода кунанд.

   Аллоҳ донотар аст.

Барои маълумоти бештар ба китоби "Аҳкому-л-ҷаноиз"-и Албонӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) ва китоби "Ал-Мулаххасу-л-фиқхийя"-и шайх Фавзон (саҳ: 213-216) муроҷиат кунед.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид