Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Такон додани ҷойгаҳ пеш аз хоб суннат аст

104215

Таърихи нашр : 13-06-2020

Мушоҳидаҳо : 1917

Савол

Кай ҷойгаҳро се маротиба такон диҳем? Оё пеш аз хоб ё баъди он? Ва чӣ тавр?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бухорӣ (6320) ва Муслим (2714) аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки ӯ гуфт:

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

"Ҳар гоҳ яке аз шумо ба ҷойгаҳи худ дарояд, онро бо қисмати дохили изораш такон диҳад, зеро намедонад, ки баъд аз ӯ чӣ иттифоқе дар он афтодааст. Сипас бигӯяд: Бисмика раббӣ вазаъту ҷанбӣ ва бика арфаъуҳу ин амсакта нафсӣ фарҳамҳо ва ин арсалтаҳо фаҳфазҳо бимо таҳфазу биҳи ъибодака-с-солиҳин. (Ба номи Ту, эй Парвардигорам! Паҳлӯямро ба замин гузоштам ва ба номи Ту онро баланд мекунам. Агар ҷонамро гирифтӣ, пас онро раҳм намо ва агар онро нигаҳ доштӣ, пас ба он чи, ки бандагони солеҳатро ҳифз менамоӣ, онро ҳифз кун)".  

Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар "Шарҳи Муслим" гуфт: "(Дохили изор): Қисмат ва тарафи он. Маънояш чунин аст: Мустаҳаб аст, ки пеш аз ин ки ба ҷойгаҳи худ дарояд, онро такон диҳад. То ки дар он мор ё каждум ё дигар чизҳои зараррасон набошад. Дасташро бо қисмати изори худ пӯшида, такон диҳад, то ки ба дасти ӯ иттифоқи баде наафтад, агар онҷо бошад". Поёни сухан.

Бинобар ин дониста мешавад, ки такон додани ҷойгаҳ ҳангоми майлу хоҳиш ба хоб, анҷом дода мешавад.  

Он бо канори либос ё ягон чизи дигар анҷом дода мешавад.   

   Аллоҳ донотар аст.  

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб