Истифодаи ҳайвони мурда барои табобат ҷоиз нест, зеро аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят шудааст, ки фармудааст:
«Ҳамоно Аллоҳ шифои уммати маро дар он чизе, ки бар онҳо ҳаром карда шудааст, қарор надодааст».
Ибни Қаййим гуфтааст:
Табобат бо чизҳои ҳаром ҳам аз нигоҳи ақл ва ҳам аз нигоҳи Шариъат нописанд аст. Далели шаръии ин ҳукм ҳадиси пешин мебошад. Аммо далели ақлии он ин аст, ки Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло чизҳои ҳаромро ба сабаби палид буданашон ҳаром гардонидааст. Ӯ барои ҷазо додани ин уммат ҳеҷ чизи покизаеро бар онҳо ҳаром накардааст, чунонки бар банӣ Исроил чунин чизҳоро ҳаром гардонида буд. Аллоҳ таъоло мефармояд:
فَبِظُلْمٍ مِنَ الَّذِينَ هَادُوا حَرَّمْنَا عَلَيْهِمْ طَيِّبَاتٍ أُحِلَّتْ لَهُمْ
سورة النساء: ١٦٠
«Пас, ба сабаби ситаме, ки яҳудиён раво доштанд, чизҳои покизаеро, ки барояшон ҳалол буд, бар онҳо ҳаром кардем». (Сураи Нисо: 160).
Аллоҳ таъоло барои ин уммат танҳо чизҳои палид ва нопокро ҳаром гардонидааст. Ҳикмат аз ҳаром кардани онҳо ҳифз ва нигоҳ доштани уммат аз истеъмоли чунин чизҳост. Аз ин рӯ, шоиста нест, ки инсон барои рафъи бемориҳо ва дардҳои худ аз онҳо шифо ҷӯяд. Зеро агарчи ин чизҳо метавонанд бемории баданро бартараф созанд, дар иваз, дар қалб осоре аз худ мегузоранд, ки зарараш аз бемории бадан ҳам бузургтар аст. Сабаби ин он аст, ки онҳо дорои таъсири палид ва зарароваранд. Пас, касе, ки бо чунин чизҳо худро табобат мекунад, дар асл мехоҳад бемории баданро бо бемории қалб иваз намояд.