Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Агар касе муртад шавад ва сипас боз ба ислом бозгардад, оё ҳаҷҷашро бояд аз нав анҷом бидиҳад?

105315

Таърихи нашр : 07-08-2020

Мушоҳидаҳо : 1396

Савол

Касе, ки аз ислом хориҷ шавад, сипас ба он бозгардад, оё амалҳое, ки аз даст додааст, аз ҷумла аркони ислом, мисли ҳаҷ, рӯза ва намозро бояд дубора анҷом бидиҳад? Ё ин ки тавба ва бозгашташ ба ислом кофӣ аст ва аз нав бояд оғоз кунад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Дидгоҳи саҳеҳ аз байни суханони донишмандон ин аст, ки ҳар гоҳ муртад ба сӯи Аллоҳ тавба кунад ва бори дигар бо тавбаву пушаймонӣ ба ислом дохил шавад, амалҳоеро, ки пеш аз муртад шудан анҷом дода буд, онро дубора иҷро намекунад, зеро Аллоҳ таъоло муқаррар кардааст, ки амалҳо бо сабаби муртад шудан бекор мешавад, агар инсон бар он (яъне муртад) бимирад.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَمَنْ يَرْتَدِدْ مِنْكُمْ عَنْ دِينِهِ فَيَمُتْ وَهُوَ كَافِرٌ فَأُوْلَئِكَ حَبِطَتْ أَعْمَالُهُمْ فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ وَأُوْلَئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ

  البقرة/217

Касе аз шумо, ки аз динаш баргардад ва дар ҳоли куфр бимирад, пас амалҳояш дар дунё ва охират нобуд мегардад ва онон аҳли дӯзаханд ва ҳамеша дар он хоҳанд буд.   (Сураи Бақара:217).

Бинобар ин, барои нобуд шудани амалҳо шарт гузошта шудааст, ки инсон то марг дар риддат (куфр) боқӣ бимонад.

Пас мафҳуми оят далолат мекунад, ки агар муртад пеш аз вафот тавба кунад, амалҳое ки пеш аз муртад шудан анҷом дода буд, саҳеҳ ва кофӣ мебошанд, агар Аллоҳ бихоҳад". Поёни сухан.

"Маҷмӯу фатово-ш-шайх Солиҳ Ал-Фавзон" (1/61).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб