Душанбе 24 Ҷумода-л-уло 1446 - 25 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Оё барои инсон ҷоиз аст, ки сирко бихӯрад

106196

Таърихи нашр : 08-12-2020

Мушоҳидаҳо : 2314

Савол

Ҳукми хӯрдани сирко чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Асос дар хӯрокҳо ҳалол будани онҳо мебошад, то он даме ки бар ҳаром будани он далеле собит нагардад.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 لَيْسَ عَلَى الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ جُنَاحٌ فِيمَا طَعِمُوا إِذَا مَا اتَّقَوْا وَآمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ

المائدة/93

{Бар онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, дар он чӣ хӯрдаанд, гуноҳе нест, ҳар гоҳ парҳезгорӣ кунанд ва имон биёваранд ва корҳои шоиста анҷом диҳанд}.   (Сураи Моида: 93).

Инчунин Аллоҳ таъоло фармудааст:

 هُوَ الَّذِي خَلَقَ لَكُمْ مَا فِي الأَرْضِ جَمِيعاً

 البقرة/29.

{Ӯст, ки ҳамаи чизҳоеро, ки дар замин аст, бароятон офарид}.   (Сураи Бақара: 29).

Ва инчунин Аллоҳ таъоло фармудааст:

 قُلْ لَا أَجِدُ فِي مَا أُوحِيَ إِلَيَّ مُحَرَّمًا عَلَى طَاعِمٍ يَطْعَمُهُ إِلَّا أَنْ يَكُونَ مَيْتَةً أَوْ دَمًا مَسْفُوحًا أَوْ لَحْمَ خِنزِيرٍ فَإِنَّهُ رِجْسٌ أَوْ فِسْقًا أُهِلَّ لِغَيْرِ اللَّهِ بِهِ

 الأنعام/١٤٥

{Бигӯ: Дар миёни он чӣ ба ман ваҳй шудааст, чизеро ки хӯрдани он барои хӯрандае ҳаром бошад, намеёбам, магар (гӯшти) мурдор ё хуни рехта ё гӯшти хук, ки ҳатман, палид аст, ё (ҳайвоне, ки ҳангоми забҳ) аз рӯи нофармонӣ, номи ғайри Аллоҳ таъоло бар он бурда бошанд}.   (Сураи Анъом: 145).

Дуввум:

Собит шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) сирко хӯрдааст, балки онро мадҳу ситоиш кардааст. Муслим (2052) аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят намудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз хонаводаи худ идом пурсид. Дар ҷавоб гуфтанд: Фақат сирко дорем. Паёмбар онро талаб намуд. Сипас ба хӯрдани сирко шурӯъ карда, фармуд: «Сирко беҳтарин идом аст. Сирко беҳтарин идом аст».

Калимаи "Ал-Удум" ҷамъи калимаи "Идом" аст. Идом, он чӣ бо нон хӯрда мешавад.

Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар "шарҳи ҳадиси Муслим" гуфтааст:

"Дар ин ҳадис фазилати сирко баён шудааст ва он идом ҳам номида мешавад. Он бофазилату некӯ аст".   Поёни сухан.

Дар "Мавсуъату-л-фиқҳия" (19/262) омадааст: "Дар байни донишмандон дар мавриди ҷоиз будани хӯрдану нӯшидани сирко, хоҳ аз ангур бошад ва ё аз дигар чиз, ихтилофе вуҷуд надорад. Инчунин дар мавриди ҷоиз будани хӯрдани сиркои шаробе, ки худ аз худ бе дармон сирко шудааст, (яъне ба сирко табдил ёфтааст) ихтилофе вуҷуд надорад. Зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Сирко беҳтарин идом аст». Поёни сухан.

         Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб